ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

6
июни
2017

Ташрифи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба Муассисаи тарбиявии ЯС 3/12 СРИҶҶ ВА ҶТ ва иштирок дар чорабинии идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак

Дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак рӯзи 1 июни соли 2017 Ҳабибулозода Раҷабмо — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба Муассисаи тарбиявии ЯС 3/12 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Зимни ташриф Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз вазъи риояи ҳуқуқи тарбиятгирандагон ва шароити будубоши онҳо аз наздик шиносоӣ пайдо карда, баъдан бо ҳайати роҳбарикунанда, кормандон, омӯзгорони муассиса ва тарбиятгирандагон суҳбатҳои алоҳида баргузор намуд. Дар ин раванд Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакро кормандони масъули Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ҳамроҳӣ намуданд.

june 2

Ҳамчунин дар ин рӯз бо ташаббуси устодон ва тарбиятгирандагони муассиса бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо сухани табрикӣ баромад намуда, вобаста ба ҳуқуқу озодӣ ва уҳдадориҳои кӯдакону ҷавонон, таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати кӯдакон ва аз ҷумла, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли ҷавонон» эълон шудани соли 2017, инчунин хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм ибрози назар намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба тарбиятгирандагони муассиса дар бораи хатми курсҳои кӯтоҳмуддат аз рӯи ихтисоси «Ошпаз» ва «Устои асбобҳои рӯзғор» шаҳодатномаҳо супорида шуданд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal