ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

10
июли
2017

Муаррифии лоиҳаи Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020

07 июли соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Муаррифии лоиҳаи Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ВАО ва кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон иштирок намуданд.

Сухани ифтитоҳиро Зариф Ализода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оғоз намуда, қайд намуданд, ки бо мақсади тақвият додани ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикор ва дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуда, фаъолияти он пайваста ташаккул меёбад.

Раҷабмо Ҳабибулозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ қайд намуданд, ки Лоиҳаи Стратегияи фаъолияти ВҲК ҶТ барои солҳои 2018-2020 бо мақсади мусоидат дар таъмини ҳуқуқҳои кӯдакони дорои маъюбият таҳия гардидааст. Лоиҳаи мазкур пас аз таҳлили қонунгузории милливу байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи кӯдак, Маърӯзаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ба Кумитаҳои дахлдори СММ, тавсияҳои пешниҳоднамудаи Кумитаҳои мазкур ва рафти иҷрои онҳо, Маърӯзаҳои солонаи ВҲИ ҶТ оид ба вазъи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҶТ, вохӯриву мулоқотҳои машваратӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак фаъолият мекунанд ва инчунин машваратҳо бо Намояндагиҳо ва Қабулгоҳҳои ҷамъиятии ВҲИ таҳия шудааст.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар лоиҳаи Стратегия ҳуқуқи кӯдакони маъюбро ба таҳсилоти босифат самти афзалиятноки фаъолияти худ ва ҳадафи асосиро мусоидат ба пешниҳоди ҳамаҷонибаи хизматрасониҳо ва ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ҷиҳати ба кӯдакони маъюб тақдим намудани таҳсилоти босифат арзёбӣ намудааст.

strategy 2

Ҳамчунин дар рафти мизи мудаввар намояндагони мақомотҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ лоиҳаи Стратегияи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2020-ро мавриди муҳокима қарор дода, ҷиҳати боз ҳам тақвият додани он дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, коркарди механизмҳои ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар охири чорабинӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба иштирокчиён барои таклифу пешниҳодҳои судманд изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки таклифу пешниҳодҳои ироагашта мавриди таҳлил қарор гирифта, ба лоиҳаи Стратегия ворид карда мешаванд ва изҳори боварӣ намуд, ки дар амалигардонии минбаъдаи он мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ВАО ба воситаи ҳамкориҳои судманд баҳри ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдакон дар ҷумҳурӣ саҳми худро мегузоранд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal