Рӯзи 11 июли соли 2017 Раҷабмо Ҳабибулозода – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари минтақавии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) барои кишварҳои Аврупои Марказӣ, Шарқӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хонум Афшан Хан ва Роҳбари Дафтари Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон хонум Лучия Элмиро ба ҳузур пазируфт.
Сараввал Ҳабибулозода Р. ташрифи Роҳбари минтақавии тозатаъини Хазинаи кӯдакони СММ-ро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайрамақдам гуфта, ба меҳмонон оид ба сиёсати давлат дар самти таъмини манфиати беҳтарини кӯдак, таъмини шароити мусоид барои инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдак, ҳамчунин салоҳият, ваколат ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумоти муфассал дод.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳифзи кӯдакон пайваста талош мекунад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд назаррас мебошад.
Қайд гардид, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак зимни амалӣ гардонидани фаъолияти худ ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар самти ҳуқуқ ба таҳсил, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони дорои имконияташон маҳдуд ва ҳуқуқи кӯдакон дар низоми адолати судӣ аҳамаияти махсус медиҳад.
Аз ҷониби меҳмонон масъалаҳои вобаста ба салоҳият, ваколат ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, хусусан дар самти гузаронидани санҷишу мониторингҳои муассисаҳои кӯдакона ва дигар масоили мубрами ҳуқуқи кӯдак мавриди тавваҷӯҳ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин аз ҷониби Раҷабмо Ҳабибулозода ба Роҳбари Дафтари Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон хонум Лучия Элми бинобар сабаби ба итмом расидани маъмурияти ӯ дар Тоҷикистон ва барои ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар давраи фаъолияташ дар Тоҷикистон изҳори миннтадорӣ ва дар корҳои ояндааш барору комёбиҳо орзу намуд.
Дар охири мулоқот хонум Афшан Хан аз Раҷабмо Ҳабибулозода барои пазироии самимӣ ва ҷавобҳои муфассал ба саволҳои худ изҳори миннатдорӣ намуда, саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсонро муҳим арзёбӣ намуд.