ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

4
августи
2017

Нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои нимсолаи якуми фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2017

3 августи соли 2017 дар толори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воқеъ дар ш. Душанбе, к. Ҷ. Икромӣ – 7 нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои шаш моҳи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар нимсолаи якуми соли 2017 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, Сардори Раёсати кафолатҳои ҳукуки инсони Дастгоҳи иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин кормандони масъули Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва намояндагони ВАО иштирок намуданд

Нахуст Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода меҳмонон ва ҳозиринро хайрамақдам намуда, сипас оид ба натиҷаҳои шаш моҳи фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар соли 2017 маълумоти мухтасар пешниҳод намуданд.

Зимни баромади хеш Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти риоя, эҳтиром, ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон сухан ронда, қайд намуданд, ки мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ монда, дар нимолаи якуми соли 2017 вобаста ба самтҳои асосии фаъолият барои ҳифз ва пешрафти ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон корҳои мушаххасро ба анҷом расонид.

nishast 2017 2

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон зимни суханронии худ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомот, рушди ҳамкориҳо бо мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба рӯзноманигорон маълумот дода, оид ба нақшаҳои ояндаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фикру андешаҳои худро баён намуданд.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ аз ҷониби рӯзноманигорон вобаста ба самтҳои гуногуни ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо ва таклифу пешниҳодҳо баён карда шуданд. Ба саволҳои рӯзноманигорон аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷавобҳои муфассал ва қонеъкунанда дода шуданд.

Дар интиҳои нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзноманигоронро ба ҳамкориҳои судманд даъват намуданд.

pdfВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2017


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal