Имрӯз, дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи соли ҷавонон эълон намудани соли 2017 бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот дар мавзӯи «Ҷавонон ва соли ҷавонон» мизи мудаввар баргузор гардид.
Зимни сухани ифтитоҳӣ З.Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати давлатии ҷавонон ибрози назар намуданд. Қайд карда шуд, ки ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа буда, бояд тарбияи хуб ва дониши хуб гиранд.
Дар мизи мудаввар ҳамчунин Р.Бадриддинова, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак сухан ронда, Ш.Раҷабов, сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар пешгирии ифротгароии динӣ» ва С.Қодирӣ, сардори Шуъбаи ташкилӣ, иттилоотӣ ва таҳлилӣ дар мавзӯи «Ҷавонон ва хатару таҳдидҳои эҳтимолии равандҳои номатлуби ҷаҳони муосир ба онҳо» маърӯза намудан.
Қайд карда шуд, ки ҷавонон бинобар надоштани таҷрибаи кофии зиндагӣ, маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқӣ ва баҳо дода натавонистан ба амалкардҳои худ дар баробари хатару таҳдидҳои эҳтимолии падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризму экстремизм осебпазир мебошанд.
Дар ин самт бояд давлат, ҷомеа ва оила кушишҳои худро ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстӣ ва илму касбомӯзӣ тарбия намудани ҷавонон равона намоянд.
Дар анҷоми мизи мудаввар З.Ализода таъкид намуданд, ки кормандони Дастгоҳи марказӣ, Намояндагиҳо ва Қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ фаъолияти иттилоотӣ ва маърифатии худро дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон тақвият диҳанд.