ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

29
марти
2017

Санҷиши мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе

Мувофиқи нақшаи кори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзи 27.03.2017 кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ вазъи риояи ҳуқуқи кӯдаконро дар мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор доданд.

Мактаби мазкур барои тарбия намудани ноболиғоне, ки қонунро вайрон намудаанд, ҷиноятҳои хавфноки ҷамъиятӣ содир намудаанд, мунтазам тартиботи ҷамъиятиро вайрон менамоянд ва ба назорати омӯзгорӣ эҳтиёҷ доранд, таъсис дода шудааст. Дар муассиса ноболиғони душвортарбия аз синни 11 то 14 сола таълим мегиранд.

Муассисаи мазкур барои 120 нафар ноболиғ пешбинӣ шуда, айни замон ҳамагӣ 41 нафар писар ба таҳсил фаро гирифта шудааст.

Дар вақти санҷиш бо роҳбарон ва кормандони мактаби мазкур вобаста ба вазъи риояи ҳуқуқҳои кӯдакон, сабабҳо ва тартиби ба мактаби махсус равон кардани кӯдакон, шароити нигоҳдорӣ, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, таъминот бо ғизо, муносибат бидуни зӯроварӣ, муошират бо хешовандон суҳбатҳо доир гашта, бо шароити синфхонаҳо, шароити кори омӯзгорон, бо маводу китобҳои дарсӣ, асбобҳои аёнӣ, таъмин будани хонандагон, иштироки онҳо дар дарсҳо диққат дода шуд.

Аз суҳбат бо хонандагон маълум гардид, ки муносибати муаллимон бо онҳо хуб аст. Онҳо аз устодон ва тарзи таълимдиҳии онҳо розӣ буданд ва касе аз вайрон шудани ҳуқуқҳояш шикоят надошт. Инчунин барои беҳтар намудан ва баланд бардоштани сифати дониш ва тарбияи меҳнатии хонандагон маҳфилҳои махсус аз ҷумла: “Такмили савод”, “Музадӯзӣ”, “Технологияи иттилоотӣ” ва “Хӯрокпазӣ” амал менамоянд.

maktab 2

Шароити хуби фароғати кӯдакон ташкил карда шудааст. Дар таътили зимистона барои онҳо саёҳатҳо ба ҷойҳои таърихӣ ва марказҳои илмию фарҳангӣ, ташкил карда шуд.

Дар вохӯрӣ бо хонандагони муассиса оид ба ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кӯдакон, дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакон, қонунугузории миллӣ ва санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки ҳуқуқҳои кӯдакро танзим менамоянд, пешгири ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, инчунин дар бораи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, тартиби муроҷиат ба ӯ маълумот дода шуд.

Аз натиҷаи санҷиш ба масъулини мактаби мазкур тавсияҳои дахлдор дода шуд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal