Рӯзи 13 марти соли 2017 Бадридинова Р.Ҳ.–Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ бо мақсади шиносоӣ, таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи ноболиғон ва муайян намудани мушкилиҳои ҷойдошта боздид ба амал овард.
Зимни боздид ва сӯҳбат бо ҳайати кормандони Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон маълум гардид, ки айни замон дар муассиса 3 нафар ноболиғон (2-писар ва 1-духтар) нигоҳ дошта мешаванд.
Ваколатдор бо шароити нигоҳдории кӯдакон, таъминоти онҳо бо ғизо ва ҷойи хоб, муносибати кормандони муассиса бо кӯдакон, шароити кори кормандон аз наздик шинос шуд.
Айни замон Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон бо дастгирии Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ аз нав таъмир шуда, корҳои азнавсозӣ, насби таҷҳизотҳои зарурӣ дар баъзе утоқҳои нигоҳдорӣ идома дорад.
Натиҷаи боздид нишон дод, ки дар Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон барои кӯдакон шароити хуби нигоҳдорӣ аз ҷумла, утоқи алоҳида барои ҷудо нигоҳ доштани духтарон аз писарон, ҷойи хоб ва 3 вақт хӯроки гарм муҳайё буда, духтур ва равоншиноси штатӣ мавҷуданд.
Ҳамчунин зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ҳайати роҳбарон ва кормандони Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон вохӯрда, оид ба ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб суҳбат намуда, ба ҳозирин дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакон маълумот дода, ба кормандони Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон барои ғамхорӣ нисбати кӯдакон изҳори миннатдорӣ намуд.
Пас аз мулоқот бо ҳайати кормандони муассиса Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ноболиғони дар Қабулгоҳ-таҳвилгоҳ нигоҳдошташаванда низ вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо сӯҳбат намуд.
Ёдовар мешавем, ки Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон яке аз шуъбаҳои махсусгардонидашудаи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилӣ ба шумор рафта, мақсади он таъмини муҳофизати муваққатиии ноболиғон ва инкишофи шахсияти кӯдакон ва наврасон мебошад. Ғайр аз ин, Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ноболиғон барои муваққатан нигоҳдорӣ ва пеш аз ҳама ба оила, муассисаи кӯдакона ё муассисаи таълимӣ-тарбиявӣ баргардонидани кӯдакон ва наврасони аз 3 то 18 солае, ки ба кӯмаки давлат ва ҷомеа ниёз доранд, инчунин ноболиғони ҳуқуқвайронкунӣ содирнамуда чора ва тадбирҳои лозимӣ меандешанд.