22
январи
2018
|

Тавре қаблан хабар дода будем, зимни як маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Ҳукумати мамлакат бо ҳисси баланди ватандорӣ дар пеши худ мақсад гузоштанд, ки барои ободонии пойтахт ва истироҳати бофароғати сокинону меҳмонон иншооти гуногун, аз қабили майдончаҳои варзишӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ бунёд мекунанд.

Дар ҷумҳурӣ вазъи таъмини ҳуқуқҳои кӯдак сол аз сол беҳтар мегардад. Тоҷикистон дар раддабандии «Шохиси ҳуқуқи кӯдак-2017», ки соли 2017 аз ҷониби созмони «Бунёди ҳуқуқи кӯдак» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ерасмуси Роттердам дар байни 165 кишвари аъзои Конвенсияи ҳуқуқи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҳуқуқи кӯдак ба ҳаёт, саломатӣ, маориф ва ҳифзи муҳити зист гузаронида шудааст, Тоҷикистон дар ҷойи 55 қарор гирифта, байни кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз Ҷумҳурии Қазоқистон (ҷойи 22) ва Туркманистон (ҷойи 42) дар ҷойи сеюм қарор дорад.
30
декабри
2017
|

Дар доираи Конститутсия тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ҳамаҷониба танзим шудаанд. Давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад, ки ҳамаи ин бечунучаро пеш аз ҳама ба ҷавонон тааллуқ дорад.
29
декабри
2017
|
Рӯзҳои 28-29 декабри соли 2017 барои кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқи кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тренингҳои омӯзишӣ дар мавзӯи “Мафҳумҳои муосири маъюбият.
22
декабри
2017
|

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.