МЕНЮ

Ҳамасола дар ҷаҳон 20 ноябр ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии кӯдак ҷашн гирифта мешавад. Соли 1954 Ассамблеяи генералии СММ ба давлатҳо пешниҳод намуд, ки ягон рӯз ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии кӯдак- рӯзе, ки ба фаъолият оид ба таъмини беҳбудии кӯдакон бахшида шуда бошад, ҷашн гирифта шавад.
21
ноябри
2016
|

18-ноябр дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мизи мудаввар дар мавзӯи «Таҳияи механизмҳои ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ» баргузор гардид.