
Рӯзи 4 декабри соли 2017 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизи мудаввар дар мавзӯи «Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017: Натиҷаҳои вохӯриҳо, қабули шаҳрвандон ва мониторинги фаъолияти мактаб-интернатҳо» баргузор гардид.
14
ноябри
2017
|

Рӯзҳои 8-11 ноябри соли 2017 гурӯҳи кории мақомоти ВҲИ ҶТ дар ҳайати Р. Ҳабибулозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, А. Содиқов – сардори Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак ва П. Маҷидов – сармутахассиси ҳамин Шуъба дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон қарор доштанд.

27 октябри соли 2017 Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ва рамзи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тасдиқ гардиданд.
25
октябри
2017
|

Рӯзҳои 16-20 октябри соли 2017 гурӯҳи кории мақомоти ВҲИ ҶТ дар ҳайати Р. Ҳабибулозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Конибодоми вилояти Суғд қарор доштанд.
24
октябри
2017
|

Санаи 23.10.2017 бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ғайридавлатии “Ташаббуси ҳуқуқӣ” вобаста ба хабар ва аксҳои чанд рӯз қабл дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ нисбати ноболиғ С.С., истиқоматкунандаи н.Ёвон паҳнгашта санҷиш гузаронида шуд.