Рӯзи 26 апрели соли 2018 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ҳабибулозода Раҷабмо барои дидорбинии ноболиғ Марям Шоева, ки субҳи 25 апрел аз Ҷумҳурии Ироқ ба ватан баргардонида шуд ба хонаи бобои ӯ, бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи солимиву равонӣ ва муҳити зисти ӯ ба шаҳри Ҳисор ташриф ба амал овард.
23
апрели
2018
|
Тибқи Нақшаи кори Гурўҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзҳои 19-20 апрели соли 2018 аз ҷониби аъзоёни гурӯҳи мониторингӣ дар Литсейи касбии махсуси Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои ноболиғон мониторинг гузаронида шуд.
Дар асоси Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои соли 2018 ва Нақшаи кори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кўдаки Дастгоҳи Ваколатдор санаи 11 апрели соли равон вазъи риояи ҳуқуқҳои кўдакон дар Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
9
апрели
2018
|
Рӯзҳои 2-6 апрели соли 2018 тренинги омӯзишии якҷояи ВҲИ ҶТ ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои омода намудани тренерон дар доираи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №678 аз 3 декабри соли 2012 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.
7
апрели
2018
|
Соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ҳамроҳ шуд. Ба ин ташкилот 194 давлат аъзо буда, вазифаи асосии он ҳалли мушкилиҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустии аҳолӣ мебошад. Ин ташкилот расман 7-уми апрели соли 1948 ҳамчун агентии махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таъсис ёфта, соли ҷорӣ 70-солагии худро ҷашн мегирад. Шуруъ аз соли 1950 7-уми апрел ҳамчун «Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ» ҷашн гирифта мешавад.