Кӯдакон ояндаи ҷомеа буда, таъмини ҳуқуқҳои фитрии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар моддаи 5 инсон ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф карда, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир дониста, риоя ва ҳифзи давлатии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат додааст.
Яке аз ҳуқуқҳои фитрии (табиӣ) инсон, ки аз лаҳзаи таваллуд ба вуҷуд меояд ҳуқуқ ба фардият мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон ва манфиати беҳтарини онҳо пайваста чораандешӣ менамояд. Ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак ба фардият, заминаи заруриии меъёрии ҳуқуқӣ ташкил карда шуда, барнома ва низомномаҳои дахлдор, аз ҷумла; Қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Кодекси оилаи ҶТ, Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак”, Қонуни ҶТ “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, Низомнома дар бораи тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019 қабул ва амалӣ шуда истодаанд.
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ муқаррар намудаанд, ки кӯдакон пас аз таваллуд фавран, бетаъхир бояд ба қайди давлатӣ гирифта шаванд. Ҳамзамон, ба қадри имкон ҳуқуқ доранд волидайни худро донанд ва аз ғамхории онҳо баҳраманд шавад.
Ҷиҳати ба қайди давлатӣ гирифтани кўдакон, дар қонунгузории миллӣ, аз ҷумла дар қисми 4 моддаи 18 Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва моддаи 8 Қонуни ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” барои пешнҳоди ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кўдак мўҳлат пешбинӣ шудааст, ки тибқи он ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кўдак бояд на дертар аз се моҳ баъд аз таваллуди кўдак пешниҳод гардад. Гузаронидани мўҳлати муқарраршуда барои рад кардани бақайдгирии давлатии таваллуд аз тарафи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ асос шуда наметавонад.
Яке аз мушкилиҳои дар муҳлати муқарраршудаи қонун пешниҳод накардани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кўдак ин дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани падару модар ва паст будани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад, ки боиси ба мушкилӣ рў ба рў шудани худи онҳо мегардад. Ҳоло он ки тибқи талаботи қисми 2 моддаи 18 Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» дар сурате, ки агар падару модар (яке аз онҳо) имконияти шахсан додани ариза дар бораи бақайдгирии таваллуди кўдакро надошта бошанд, ариза аз ҷониби хешовандони яке аз падару модар ё шахси аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ваколатдоршуда, мақомоти васоят ва парасторӣ, ё шахси мансабдори муассисаи тиббӣ, ки кўдак дар он ҷо таваллуд ёфтааст ва ё аз тарафи шахси мансабдори муассисаи дигаре, ки модар дар давраи таваллуд дар он ҷо буд ва ё кўдаки таваллудшуда дар он ҷо қарор дорад, дода мешавад.
То гирифтани шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи таваллуд ҳамчун ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ба ҳисоб меравад.
Яке аз ҷанбаҳои асосии фардияти кўдак ҳуқуқи ў ба ном аст. Яъне доштани ном кўдакро ҳамчун фард дар ҷомеа муаррифӣ менамояд. Бинобар ин кўдак аз лаҳзаи таваллуд фавран,бетаъхир ба гирифтани ном ҳуқуқ дорад. Дар ҳуҷҷати тасдиқкукнандаи шахсият насаб, ном, номи падар (дар ҳолати будан), сана ва ҷойи таваллуд, ҷинс ва мансубияти миллӣ дарҷ карда мешавад. Падару модар уҳдадоранд ба фарзанд тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоранд. Зеро гузоштани номҳои ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона метавонад ба ҳолати равонии кўдакон ва наврасон таъсири манфӣ расонад. Номгузорӣ ва шакли дурусти навишти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фарҳанг, анъанаҳои миллӣ ва Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №325 аз 27 июли 2016 тасдиқ карда шудааст, амалӣ мегардад. Тибқи қонунгузорӣ ба кўдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, номи ашё, мол, ҳайвонот ва парандагон, ингунин ном ва ибораҳои таҳқиромез, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ аст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ақалиятҳои миллӣ низ зиндагӣ мекунанд. Бинобар ин ҳуқуқи ақаллиятҳои миллӣ ба ном дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи анъанаҳои миллиашон кафолат дода мешавад. Намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бо хоҳиши худ метавонанд номгузории кўдаконашонро тибқи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ ё анъанаҳои миллиашон амалӣ намоянд. Тартиби навишти насаб, ном ва номи падари шаҳрвандон-намояндагони ақаллиятҳои миллӣ мутобиқи қоидаҳои имлои забони дахлдор амалӣ карда мешавад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки баъзан дар вақти ба қайди давлатӣ гирифтан ва додани шаҳодатномаи таваллуд қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ риоя карда намешаванд, ки боиси такроран муроҷиат кардан ва пардохти маблағҳои иловагии шаҳрвандон барои гирифтани шаҳодатнома мегардад. Аксар вақт аз тарафи худи шаҳрвандон беаҳамиятӣ зоҳир мегардад ва дар натиҷа ҳангоми гирифтани шиноснома ба мушкилӣ рў ба рў мешаванд. Дар баробари ин кормандони САҲШ ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, ки шаҳодатнома менависанд, бояд хати зебо ва хоно дошта бошанд. Шаҳодатномаҳое, ки аз тарафи баъзе кормандони САҲШ ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот навишта шудаанд, ба душворӣ хонда мешаванд. Дар натиҷа ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо ба шаҳрвандон дода мешаванд ғалат навишта шуда, мушкилиҳои дигареро пеш меорад.
Машрабзода АЗИМҶОН,
Мутахассиси пешбари Шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки дастгоҳи
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон