Санаи 27 феврали соли 2019 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – Ҳабибулозода Раҷабмо Ҳабибуло ва дигар кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон ба Муассисаи тарбиявии ЯС 3/12 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Зимни ташриф Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо сардор, ҳайати шахсӣ ва устодони муассисаи мазкур суҳбатҳои алоҳида баргузор намуда, вобаста ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, салоҳият, ваколат ва вазифаҳои он, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар ин самт ибрози назар ва ба саволҳои зиёди кормандон посух дод.
Аз ҷумла қайд гардид, ки тамоми кӯшишу заҳмати мо бояд ба он равона карда шавад, ки кӯдакон аз муассисаи мазкур бо як тафаккури солим, донишу малака ва касбу ҳунар ба ҷомеа ворид гарданд, чунки кӯдакон ояндаи давлату миллати мо ба ҳисоб мераванд.
Дар навбати худ сардори Муассисаи тарбиявии ЯС 3/12 Шарипов Садриддин ташрифи меҳмононро ба муассиса ҳайрамақдам гуфта, қайд намуд, ки бошандагони муассисаи мазкур мавриди таваҷҷӯҳи доимии роҳбарияти СРИҶҶ ВА ҶТ қарор дошта, барои минбаъд дар ҷомеа роҳ ёфтани онҳо бо донишу касбҳои замони муосир чораҳои дахлдор андешида мешаванд.
Ҳамчунин зимни ташриф Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ҳайати ҳамроҳонаш аз вазъи риояи ҳуқуқи тарбиятгирандагон ва шароити будубоши онҳо аз наздик шиносоӣ пайдо намуд. Умуман шароити муассиса бо имкониятҳои мавҷудаи имрӯза ҷавобгӯ мебошад. Аз ҷумла, рахтҳои хоб, ошхона, ҳаммом, бунгоҳи тиббӣ тоза ва ҳавлии муассиса бошад бо гулу буттаҳои мавсимӣ оро дода шудааст. Новобаста аз он, ки баъзе китобҳои дарсӣ фарсуда шуда бошанд ҳам шароити таълиму тарбия ва азхудкунии донишҳои муосир ба таври хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар охир Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо тарбиятгирандагони муассисаи мазкур вобаста ба ҳуқуқу озодӣ ва уҳдадориҳои кӯдакону ҷавонон, хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм, таваҷҷӯҳи махсуси роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати кӯдакон ва хусусан ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакону ҷавонон суҳбати судманд намуданд.
Тарбиятгирандагон иброз намуданд, ки пас аз адои ҷазо бо риояи қатъии қонун ба халқу ватани азизамон Тоҷикистон содиқонаю софдилона хизмат хоҳанд кард.