ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

5
феврали
2019

БА АФЗОИШИ ҶИНОЯТКОРИИ НОБОЛИҒОН ЧӢ БОИС МЕГАРДАД?

№№14 (3964) 05.02.2019

Мусоҳиба бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода

- Дар мамлакат бобати ҳифзи ҳуқуқи кӯдак кадом санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд?

- Ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зарурати аз ҷониби мақомоти давлатӣ таъмин гардидани ҳуқуқи кӯдакон вазифа мегузоранд.

Дар миёни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқи кӯдак муҳим аст. Он ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла кӯдакро арзиши олӣ эътироф намуда, модару кӯдакро таҳти ҳимоя ва ғамхории махсус қарор додааст. Ҳамчунин, Конститутсия ҳуқуқу озодиҳоеро, ки барои таъмини манфиатҳои кӯдакон, рушди ҳамаҷонибаи онҳо заруранд, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, таҳсил, зиндагӣ ва тарбия дар оила, манзил, мерос, эҳтироми шаъну эътибори инсонӣ, озодии сухан ва виҷдон, таъминоти иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат додааст.

Дар низоми ҳуқуқии кишвар санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва протоколҳои иловагии он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидааст ва онҳо стандартҳои байналмилалиро муқаррар менамоянд, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак нақши бориз доранд. Инчунин, кафолатҳои муқаррарнамудаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак дар қонунгузории амалкунанда, аз ҷумла кодексҳои тандурустӣ, оила, меҳнат, гражданӣ, ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва ғайра мушаххас шудаанд.

- Риояи ҳуқуқи кӯдак дар кадом вазъ аст?

- Барои беҳтар намудани вазъи риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Хусусан, дар самтҳои таъмини ҳуқуқҳои кӯдак дар соҳаҳои маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқҳои ятимону бепарасторон, кӯдакони маъюб пешравиҳо назаррасанд. Барои мисол, ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил тавассути кафолат додани таҳсили ройгон ва ҳатмии умумии асосӣ таъмин буда, бо ин мақсад муассисаҳои нави таълимии ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои замони муосир бунёд гардида, мунтазам заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ таҳким меёбанд.

Ҳуқуқи кӯдакон ба ҳифзи саломатӣ тавассути андешидани тадбирҳо ҷиҳати паст кардани фавти кӯдакон, ба ёрии аввалияи тиббию беҳдоштӣ дастрасӣ доштани онҳо, мубориза бо беморӣ ва камғизоӣ, хизматрасонӣ ба модарон дар давраи то ва баъди таваллуд, иттилоотонии табақаҳои ҷомеа таъмин аст. Муҳимтар аз ҳама, дар натиҷаи андешидани тадбирҳо нишондиҳандаҳои фавти кӯдакон паст шуд. Масалан, соли 2018 дар ҷумҳурӣ 3457 кӯдаки то 1- сола фавтиданд, ки назар ба як соли пеш 327 нафар кам аст.

Баробар бо дастовардҳо, мушкилот низ ҷой дорад. Аз ҷумла, дастрасии нокифояи кӯдакони маъюб ба таҳсил, сатҳи пасти дастрасии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, хусусан дар деҳот. Дар робита ба ин, Пешвои миллат дар Паёмашон зикр намуданд, ки шумораи муассисаҳои томактабӣ бамаротиб зиёд ва то соли 2021 фарогирии кӯдакон ба ин зинаи таҳсилот ба 30 фоиз расонида шавад.

- Ҳамкорӣ бо дигар мақомот чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Бо мақомоти давлатӣ, аз ҷумла бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, адлия, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ ва ғайра ҳамкорӣ дар сатҳи хубу сифати баланд ба роҳ монда шудааст. Онҳо асосан бо мақсади таҳия ва амалисозии Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар сохторҳои СММ, амалисозии барномаҳои алоҳида дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, гузаронидани мониторинги муассисаҳои кӯдакона, баррасии муроҷиатҳо ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, иштирок дар гурӯҳҳои корӣ сурат мегиранд. Масалан, соли 2018 дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии «Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020» дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб ва Хуҷанд барои омӯзгорони фанни «Ҳуқуқи инсон» семинарҳои омӯзишӣ гузаронидем.

Ҳамкориҳо бо ваколатдорон оид ба ҳуқуқи кӯдаки Федератсияи Россия ва мақомоту идораҳои дахлдори дигар давлатҳо низ хуб ба роҳ монда шудаанд. Илова бар ин, бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), ки масъули асосии расонидани кумаки машваратӣ ва техникӣ ба давлатҳои узви Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак дар ҳалли мушкилоти вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдак мебошад, шуъбаи ташкилоти байналмилалии «Ҳамсоягии нек» дар Тоҷикистон, намояндагии Дафтари Хелветас Свисс Интеркооперейшн дар Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои САҲА дар Тоҷикистон ва ғайра ҳамкории судманд дорем.

- Сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни кӯдакон чӣ гуна аст ва дар муассисаҳои ислоҳӣ чанд нафар алҳол адои ҷазо мекунанд?

- Мутаассифона, сатҳи ҷинояткории ноболиғон ташвишовар аст. Новобаста аз чораҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии ҷинояткории ноболиғон, содир намудани ҷиноят аз ҷониби онҳо соли 2018 афзоиш ёфтааст. Агар соли 2017 аз ҷониби ноболиғон 690 ҷиноят содир шуда бошад, соли 2018 ин рақам ба 907 адад расидааст. Ин ҷиноятҳоро 780 ноболиғ, аз ҷумла 25 духтар ва 755 писар содир намудаанд. Бештари ҷиноятҳоро онҳое содир намудаанд, ки бо таҳсил ва шуғл фаро гирифта нашудаанд.

Маҳкумшудагони ноболиғи ҷинси мард бо мақсади ислоҳшавӣ ва пешгирии содир намудани ҷиноятҳои нав дар Муассисаи тарбиявии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд. Айни ҳол дар он ҷо 70 ноболиғ адои ҷазо доранд.

Инчунин, дар кишвар Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ ва Литсейи касбӣ-техникии махсуси ҷумҳуриявӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо кӯдакони аз 10 — сола боло, ки ахлоқу рафторашон барои ҷамъият хавфнок буда, ба шароити алоҳидаи таълиму тарбия эҳтиёҷ доранд, ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Натиҷаи санҷишу мониторингҳо нишон медиҳад, ки дар муассисаҳои мазкур барои нигоҳдорӣ, таълиму тарбия, хизматрасонии тиббӣ, фароғат ва ислоҳшавии кӯдакон шароит фароҳам карда шудааст. Масалан, омӯзгорони соҳибкасб ба ноболиғони маҳкумшуда дарс медиҳанд. Илова бар ин, ҷиҳати омӯзиши касбҳои гуногун, аз ҷумла «Устои таъмири асбобҳои барқӣ», «Кафшергари барқӣ», «Сартарош», «Ошпаз», «Челонгар», «Барномасоз» курсҳои кӯтоҳмуддат ташкил ва баъди хатми онҳо шаҳодатномаи тахассусӣ дода шуда, барои мулоқоти ноболиғон бо аъзои оила ва хешовандон шароити зарурӣ муҳайё аст.

- Муносибат ба тақдири минбаъдаи кӯдакон баъди адои ҷазо чӣ гуна аст?

- Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории амалкунанда, ба ҳар кас, аз ҷумла кӯдакон, ёрии ҳуқуқӣ кафолат дода мешавад. Ба кӯдакон на танҳо баъди адои ҷазо, балки дар вақти адои ҷазо низ ёрии ҳуқуқӣ расонида мешавад. Ғайр аз ин, пас аз адои ҷазо ба нозироти корҳои ислоҳӣ, комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, маъмурият, коллективҳои меҳнатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии корхонаву муассиса ва мақомоти иҷрокунандаи ҷазо кумаки иҷтимоӣ мерасонанд. Барои бо кор таъмин намудан ё ба таҳсил фаро гирифтани онҳо, инчунин фароҳам овардани шароити манзилию маишӣ чораҳо меандешанд.

Табиист, ки ин қабил кӯдакон бо мушкилоти зиёд мувоҷеҳ мешаванд ва бо мақсади ҳамгироӣ бо ҷомеа ва мутобиқшавии самараноки иҷтимоии онҳо андешидани чораҳои дахлдор зарур аст. Аз ин рӯ, ҳоло лоиҳаи Барномаи тавонбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоии кӯдакони аз муассисаҳои пӯшида озодшуда таҳия шуда, дар баррасии мақомоти дахлдор қарор дорад.

Мусоҳиб: Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»

http://sadoimardum.tj/maorif/ba-afzoishi-inoyatkorii-noboli-on-ch-bois-megardad/

 


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal