ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

14
ноябри
2018

Нутқи зебо калиди муваффақият аст. Имрӯз-Рӯзи байналмилалии логопед

14 ноябр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии логопед ҷашн гирифта мешавад. Логопед мутахассисест, ки ба кӯдакон ва калонсолони дорои мушкилӣ дар нутқ кумак мерасонад. Ин мутахассисон дар муассисаҳои тиббӣ, мактабу боғчаҳо фаъолият намуда, ба он нафароне, ки дар талаффузи нутқ мушкилӣ мекашанд, кумаки худро мерасонанд.

Дар робита ба ин рӯз мухбири АМИТ «Ховар» бо табиби логопеди барқароркунии шунавоии овоз ва нутқи Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилором Шоева дар мавриди мушкилоти ин соҳа ҳамсуҳбат гардид.

«Беш аз 18 сол мешавад, ки дар ин соҳа фаъолият дорам ва дар ин муддат ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон вобаста ба душвориҳои гуногун дар нутқашон ба мо муроҷиат мекунанд»,- зикр намуд Д. Шоева.

logoped2Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, вақтҳои охир ин мушкилӣ бештар дар кӯдакон дида мешавад. Яке аз сабабҳои ба ин ҳолат дучор шудани онҳо- ин никоҳи хешу таборӣ буда, ҳамчунин осебхӯрӣ дар вақти таваллуд, модарзодӣ, таъсири муҳити зист, вайроншавии системаи майнаи сар пас аз хӯрдани зарбаҳои гуногун, ки боиси дар нутқ пайдо шудни нуқсҳо мегардад, аз ҷумлаи омилҳои асосии он шуда метавонанд.

Ба гуфтаи мутахассис, сабаби дигари нопурра талаффуз кардани калимаҳо аз тарафи кӯдакон он аст, ки падару модар дар вақти хурдсолӣ бо онҳо бо лафзи кӯдакӣ суҳбат мекунанд.

«Аз ин рӯ мо, мутахассисон ба падару модарон муроҷиат карда хоҳиш менамоем, ки ҳангоми муошират бо фарзанди худ дуруст, бурро ва мисли калонсолон ҳарф зананд», — илова намуд табиб.

Инчунин ҳамсуҳбати мо аз нарасидани табибони ин соҳа изҳори нигаронӣ намуд. «Бинобар нарасидани мутахассисони ин соҳа дар ноҳияҳо шаҳрвандон аз сабаби дур будани роҳ ва надоштани имконият ба мо дер муроҷиат мекунанд. Аз ин рӯ табобат намудани ин гуна кӯдакон каме мушкилтар мешавад. Ҳангоме ки кӯдак гапи гуфтаро мефаҳмаду иҷро мекунад, аммо гап зада наметавонад, ё дар 3-4- солагияш ҳамагӣ 10-15 калима гуфта метавонад, дар ин вақт падару модарро мебояд сари вақт ба асабшинос ва логопед муроҷиат кунанд, то ин мушкилӣ дар нутқ сари вақт табобат бартараф шавад».

logoped3

Бояд зикр намуд, ки солҳои охир дар Тоҷикистон баҳри омода намудани мутахассисони ин соҳа дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ дарсҳои махсус ба роҳ монда шудаанд ва тавассути онҳо донандагони ин соҳа омода карда мешаванд.

Тавре декани факултети психология ва таҳсилоти фарогири Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Мунира Обидова зикр намуд, барои омода намудани мутахасисони соҳаи логопедӣ дар назди факултети мазкур ихтисоси логопедия ва таҳсилоти ибтидоӣ таъсис дода шудааст. Ин ихтисос ду сол пеш бо фармони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сабаби кам будани таваҷҷуҳ ба логопедия бо ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ якҷоя карда шуд.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

ДУШАНБЕ, 14.11.2018 /АМИТ «Ховар»/.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal