Ба муносибати 25-умин солгарди аз
ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидани
Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак
20 ноябри соли 1989 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи 44/25 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кўдакро қабул намуд. Санади мазкур ҳуқуқҳои кўдаконро ба рушду камолот дар шароити озоду арзанда муқаррар намуда, уҳдадориҳои волидайн, дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ва давлатро дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кўдакон пешбинӣ менамояд.
Инсоният барои қабули ин ҳуҷҷат роҳи дуру дарозро тай намуд. Чунки то таҳия ва қабулшавии ин санади муътабар, сараввал соли 1924 Эъломияи Женевагии ҳуқуқҳои кӯдак дар доираи Лигаи миллатҳо, соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, соли 1959 Эъломияи ҳуқуқҳои кӯдак қабул гардиданд. Дар соли 1989 қабул гаштани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кўдак ва аз 2 сентябри соли 1990 ҳукми амал пайдо кардани ба авҷи ҳамаи он кӯшишҳо нуқта гузошт.
Кӯдакон ва ҳуқуқҳои онҳо аз лаҳзаи таъсисёбии он, яъне аз соли 1945 дар мадди назари СММ қарор дошта, яке аз санадҳои аввалини Ассамблеяи Генералии СММ оид ба таъсис додани Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) мебошад, ки айни замон сохтори асосии кӯмаки байналмилалӣ ба кӯдакон ба шумор меравад.
Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид соли 1948 қабул шудааст, қайд мешавад, ки кӯдакон бояд объекти махсуси ғамхорӣ ва кӯмак бошанд.
Соли 1959 СММ Эъломияи ҳуқуқи кӯдакро қабул карда, дар он қайд менамояд, ки инсоният вазифадор аст ба кӯдакон беҳтарин шароитро муҳайё созад. Ғайр аз ин дар он 10 принсипҳои иҷтимоию ҳуқуқии марбут ба ҳифз ва некӯаҳволии кӯдакон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ эълон карда шуда, аз волидон, шахсони алоҳида, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, мақомотҳои маҳаллӣ ва давлатҳо даъват карда шудааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдаконро эътироф ва ба эҳтироми онҳо саъй намоянд. Ҳамчунин дар Эъломия қайд шудааст, ки кӯдакон бояд бо ҳимояи махсус, имконият ва шароитҳои зарурӣ барои рушди солим дар шароити озодӣ ва эҳтироми шаъну шарафашон инкишоф ёбанд.
Бо вуҷуди ин, бо гузашти вақт зарурати қабули санади нав, яъне Конвенсия пеш омад. Вобаста ба ин масъала бояд қайд намуд, ки санади байналмилалӣ, аз ҷумла санадҳои марбут ба ҳуқуқҳои инсонро метавон ба ду гурӯҳи калон тақсим кард: эъломияҳо ва конвенсияҳо. Агар Эъломия (аз калимаи лотинӣ – эълон намудан) қувваи ҳатмӣ надошта, танҳо санади тавсиявие, ки принсипҳои асосӣ ва барномавиро эълон намояд, пас Конвенсия (аз лотинӣ – шартнома, созишнома) санади шартномавии махсуси ба ягон масъала вобастабуда, дорои қувваи ҳатмие мебошад, ки ба он давлатҳо ҳамроҳ мешаванд (ба имзо мерасонанд ё ба тасвиб мерасонанд).
Дар тӯли 30 соли мавҷудияти Эъломияи ҳуқуқи кӯдак фаҳмишҳо тағйир ёфта, мафҳум ва меъёрҳои нав ба вуҷуд омаданд. Барои ҳамин дар Конвенсия ҳуқуқҳои кӯдак ба таври васеъ муайян шуда, он доираи васеи масъалаҳоро фаро мегирад. Зарурат барои ба ҳуқуқҳои кӯдакон додани қувваи махсуси ҳатмии шартномавӣ дар давраи омодагӣ ба Соли байналмилалии кӯдак, ки соли 1979 таҷлил карда шуд, зоҳир гардид. Бинобар ин дар тӯли даҳ сол, аз соли 1979 сар карда то соли 1989 Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар кори он ҳуқуқшиносон, табибон, педагогҳо, психологҳо, ҷомеашиносон, фарҳангшиносон, кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ ва дину мазҳабҳои гуногун аз саросари ҷаҳон ширкат варзиданд, ин лоиҳаро таҳия намуд.
Дар муқоиса бо Эъломияи ҳуқуқи кӯдак, ки соли 1959 қабул шуда, дар он 10 принсипи кӯтоҳи дорои хусусияти эъломиявидошта дарҷ гашта буд, Конвенсия аз моддаҳо иборат буда, қариб ҳама ҷанбаҳои вобаста ба ҳаёт ва вазъи кӯдакон дар ҷомеаро фаро мегирад. Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кўдак на танҳо муқаррароти Эъломияи ҳуқуқи кўдакро тақвият ва мушаххас намуд, балки бо тасдиқи он ки давлатҳое, ки ба он ҳамроҳ мешаванд дорои масъулияти ҳуқуқӣ буда, барои амалҳои худ нисбати кӯдакон масъуланд, мукаммалтар гардонида шуд.
Конвенсия барои тамоми халқҳо дар тамоми минтақаҳои ҷаҳон аҳамияти баробар дорад. Сарфи назар аз он, ки Конвенсия меъёрҳои умумиро муқаррар мекунад, дар он воқеиятҳои гуногуни фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии давлатҳои алоҳида ба инобат гирифта шудааст, ки ба ҳар як давлат имкон медиҳад усули миллии худро барои татбиқи ин меъёрҳо дар асоси ҳуқуқҳои умумӣ барои ҳама интихоб намояд. Бинобар ин Конвенсия хусусияти универсалӣ дорад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Конвенсия баҳои баланд дода, онро ҳамчун ҳуҷҷати барҷастаи инсондӯстона дар замони имрӯза мешуморад. Бинобар ин Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар ҷаласаи солонаи худ моҳи июни соли 1992 бори дигар ба давлатҳо пешниҳод намуд, ки ҳар сол санаи 20 уми ноябр ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдакон таҷлил карда шавад.
Бояд қайд намуд, ки Конвенсия ҳуҷҷати арзишмандтарини педагогӣ буда, он ҳам калонсолон ва ҳам кӯдаконро барои муносибат намудан ба воситаи меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба гуманизм ва демократизм, эҳтиром ва ғамхорӣ ба шахсияти кӯдак ва фикру ақидаи онҳо асос ёфтааст, даъват менамояд. Меъёрҳои Конвенсия бояд асоси педагогика, тарбия ва барҳамдиҳии қатъии тарзи авторитарии муносибат байни калонсолон ва кӯдакон, муаллим ва талабаҳо бошад. Ҳамзамон Конвенсия зарурати ташаккули фаҳмиши дурусти насли наврасро дар бораи қонунҳо, ҳуқуқҳои дигар шахсон ва муносибати боэҳтиромона нисбати онҳоро қайд мекунад.
Мақсад ва ё идеяи асосии Конвенсия таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак мебошад ва меъёрҳои он ба чор принсипи асосии бунёдӣ, ки бояд тавассути онҳо ҳуқуқҳои кӯдакон таъмин гарданд, яъне зинда мондан, рушд ёфтан, ҳимоя ва таъмини иштироки фаъолона дар ҷомеа мебошад.
Конвенсия як қатор принсипҳои муҳими ҳуқуқӣ – иҷтимоиро қайд мекунад, ки асоситарини онҳо эътирофи кӯдак ҳамчун шахси пурарзиш ва комилҳуқуқ мебошад. Сабаби чунин эътирофнамоӣ дар он аст, ки кӯдакон бояд дорои ҳуқуқҳои инсонӣ ҳамчун ҳуқуқҳои худ бошанд, на чун қисме аз оила, волидайн ё шахсони онҳоро ивазкунанда.
Ин принсипҳо, ки бояд ҳамаи муқаррароти Конвенсияро бо фарогирии барномаҳои миллӣ оид ба татбиқи онҳо тафсир бахшанд, аз ҷумла дар моддаҳои 2, 3, 6 ва 12-и Конвенсия баён шудаанд.
Аз ҷумла давлатҳои аъзо бояд таъмин намоянд, ки ҳар як кӯдаки дар ҳудуди ҳуқуқии (юрисдиксияи) онҳо қарордошта ҳуқуқҳои худро бидуни табъиз амалӣ гардонда тавонад. Асоси ин принсип таъмини имкониятҳои баробар мебошад. Яъне духтарон бояд бо писарон имкониятҳои баробар дошта бошанд. Кӯдакон аз ҷумлаи гурезаҳо, кӯдакони мансуб ба халқҳои таҳҷоӣ ё ақаллиятҳо бояд соҳиби ҳамон ҳуқуқҳое бошанд, ки аҳолии дигар доранд.
Муқаррароти Конвенсия вобаста ба таъмини беҳтарини манфиатҳои кӯдак ба зарурати дар навбати аввал таваҷҷӯҳ зоҳир намудан ба манфиатҳои кӯдак нигаронида шудааст. Яъне дар ҳамаи амалҳо нисбат ба кўдакон, сарфи назар аз он ки онҳо аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ ё хусусии машғул ба масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ, суд, мақомоти маъмурӣ ё қонунгузорӣ андешида мешаванд, ба таъмини ҳарчи хубтари манфиатҳои кўдак бояд диққати аввалиндараҷа дода шавад. Тибқи моддаи мазкур давлатҳои иштирокчӣ уҳдадор мешаванд, ки бо дарназардошти ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модари кўдак, васиҳо ё дигар шахсони мутобиқи қонун барои ў масъулбуда ба кўдак чунин ҳимоя ва ғамхориеро таъмин намоянд, ки барои беҳбудии ў заруранд ва бо ин мақсад тамоми тадбирҳои дахлдори қонунгузорӣ ва маъмуриро меандешанд.
Мутобиқи моддаи 6 Конвенсия ҳуқуқ ба ҳаёт, зинда мондан ва инкишофи кӯдакон аз ҷониби давлатҳои аъзо бояд дар ҳадди аксари имконпазир таъмин гардад. Истилоҳи дар ин модда истифодашавандаи «инкишоф»-ро ба маънии васеъ бо дарназардошти ҷанбаи сифатии он бояд тафсир бахшид, яъне ҳадафи меъёри нишондодашуда на танҳо нигаҳдошти саломатии ҷисмонӣ, ҳамчунин таъмини инкишофи равонӣ, ақлонӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кӯдак мебошад.
Яке аз принсипҳои дигари Конвенсия (моддаи 12) ба назар гирифтани ақидаҳои кӯдак мебошад. Мутобиқи ин принсип ба кӯдакон бояд ҳуқуқи озодона баён кардани ақидаҳои худ оид ба ҳамаи масъалаҳои ба онҳо дахлдор дода шавад. Зимнан, ба ақидаҳои кӯдак «мутобиқи синну сол ва камолоти кӯдак» бояд диққати зарурӣ зоҳир гардад. Ин принсип ба кӯдакон ҳуқуқи баён кардани фикри худ ва ба таври ҷиддӣ ба назар гирифтани ақидаҳои онҳо, аз ҷумла дар ҷараёни ҳама гуна муҳокимаҳои судӣ ё маъмурии ба кӯдак дахлдоштаро дар назар дорад.
Ҳамин тариқ Конвенсия механизми назоратии онро низ ба инобат гирифта, бо мақсади баррасӣ намудани пешравиҳо аз ҷониби давлатҳои иштирокчӣ дар таъмини иҷрои ҳуқуқҳои кӯдак Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шудааст. Сохтор ва функсияҳои он дар моддаҳои 43-45 Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак муайян карда шудааст.
Мутобиқи банди 1 моддаи 44 Конвенсия, давлатҳои иштирокчӣ уҳдадор мешаванд, ки ба воситаи Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба татбиқи муқаррароти Конвенсия ба Кумита маърӯзаҳо пешниҳод намоянд. Ҳисоботи ибтидоӣ аз ҷониби давлат ба Кумита пас аз 2 соли батасвибрасонӣ ва минбаъд ҳар 5 сол пешниҳод карда мешавад.
Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак дар санадҳои байналмилалӣ қоидаҳои наверо ҷорӣ намуд, ки давлатҳои иштирокчии он бояд барои риояи ин меъёрҳо саъю кӯшиш намоянд.
Конвенсия эътироф мекунад, ки на ҳама давлатҳо дорои захираҳои зарурӣ барои таъмини фаврии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Бо вуҷуди ин, Конвенсия онҳоро вазифадор мекунад, ки ба ин ҳуқуқҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода, таъмини риояи онҳоро ба ҳадди аксари имконпазир бо захираҳои мавҷуда таъмин намоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил яке аз аввалинҳо шуда, 26 октябри соли 1993 Конвенсияи мазкурро ба тасвиб расонид ва он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 ноябри соли 1993 эътибор пайдо кард. Ба ғайр аз ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ду протоколи иловагӣ ба Конвенсияи мазкурро, ки яке ба манъи фурўши кўдакон, фоҳишагии кўдакон ва порнографияи кўдакон дахл дорад ва дигараш ба пешгирии иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона вобаста аст, ба тасвиб расонидааст.
Маърӯзаи аввалини Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои Конвенсия ба Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки СММ соли 1998 пешниҳод гардид. Ғайр аз ин, тибқи муқаррарот Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 ва бори охир соли 2017 ба Кумита оид ба ҳуқуқҳои кӯдаки СММ маърӯзаҳои даврии худро пешниҳод намудааст. Маълумоти дар маърӯзаҳо инъикосёфта қариб ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҳаётии кӯдаконро фаро мегирад. Масалан, ҳуқуқҳои кӯдакон ва санадҳои асосии меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи таҳсилот; ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ва кӯдакони бесарпараст; ҳуқуқҳои кӯдакони маъюб; пешгирии ҷинояткории кӯдакон; ҳифзи саломатии кӯдакон ва ғайра.
Ҷиҳати иҷрои муқарраротҳои Конвенсия ва протоколҳои иловагӣ ба он дар ҷумҳурӣ тамоми чораҳо андешида мешаванд. Пеш аз ҳама қонунгузории ҷумҳурӣ дар самти ҳуқуқу озодиҳои кўдак ба талаботу принсипҳои санадҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида шудааст. Бо мақсади таъмини ҳарчи беҳтари ҳуқуқҳои кўдак дар соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ нақшаву барномаҳои миллӣ, стратегия ва консепсияҳои дахлдор қабул ва бомуваффақият амалӣ мегарданд.
Низоми мақомотҳое, ки бо ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак машғуланд, пайваста такмил дода мешаванд. Ҳамчунин бо дарназардошти тавсияҳои Кумита баҳри таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиатҳои кўдак чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
Тоҷикистон чун давлатҳои дигари иштирокчии Конвенсия уҳдадор аст, ки ҳуқуқҳои дар Конвенсия таҳкимбахшидашудаи кӯдаконро таъмин намояд ва ҳифз кунад. Бо мақсади таъмини ҳифзи кӯдакон дар сатҳи давлатӣ сохторҳои дахлдор бо проблемаҳои кӯдакон машғул шуда, ба татбиқи муқаррароти Конвенсия дар доираи салоҳиятҳои худ фаъолият мекунанд.
Ҳамчунин соли 2001 дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқҳои кӯдак таъсис дода шуд. Он мақомоти доимоамалкунандаи байниидоравии машваратӣ буда, бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти идораҳои давлатӣ, бо фарогирии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ баҳри татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, ки аз Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва дигар санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак бармеоянд, таъсис дода шудааст.
Умуман кўдакон ҳамчун ояндаи ҷамъият мавриди ғамхории махсус ва доимии давлат қарор доранд. Дар ҷумҳурӣ таъмини беҳтарини манфиатҳои кўдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи маънавию ҷисмонии онҳо, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кўдакон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба шумор меравад.
Бинобар ин бо мақсади таъмини ҳамаҷонибаи эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кўдак бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак таъсис дода шуд. Таъсис додани чунин механизми махсусгардонидашудаи ҳифзи ҳуқуқи кўдак қадами минбаъда дар такмили низоми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кўдак мебошад.
Сохтори мазкур бо дарназардошти принсипи таъмини беҳтарини манфиатҳои кўдак ба масъалаҳои риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак, барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи кўдакон, такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла кўдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои кўдакон, мусоидат ба ҳамкории мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти мазкур, амалӣ гардонидани муқаррарроти Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кўдак мусоидат мекунад.
Дар умум мақсад ва ғояи Конвенсия на танҳо воридсозии меъёрҳои он ба қонунгузории миллӣ, балки аз ҳама муҳимтар, ба мафкураи ҳар як нафар, ҳар як фарди ҷомеа ҷой намудани эътирофу эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак ва тавассути ин таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак мебошад.
Азиз СОЛИЕВ,
ёрдамчии Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ