Санаи 23 ноябри соли 2018 бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо филиали ТБ «Ҳамсоягии нек» дар Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонидани Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Нақши Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо» баргузор гардид.
Чорабинии тантанавӣ бо намоиши сурат ва расмҳои кӯдакон дар мавзӯи «Кӯдакии хушбахтонаи ман», баромади кӯдакон – таэквондочиён, рақси кӯдакон, инчунин рақси кӯдакони дорои маъюбият оғоз гардид.
Зимни сухани ифтитоҳии Р. Ҳабибулозода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва З.Сафарализода – мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардид, ки 20 ноябри соли 1989 Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо қатъномаи 44/25 Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кўдакро қабул намуд. Санади мазкур ҳуқуқҳои кўдаконро ба рушду камолот дар шароити озоду арзанда муқаррар намуда, уҳдадориҳои волидайн, дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ва давлатро дар таъмин ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кўдакон пешбинӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил яке аз аввалинҳо шуда, 26 октябри соли 1993 Конвенсияи мазкурро ба тасвиб расонид ва он барои Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 ноябри соли 1993 эътибор пайдо кард, ки имрӯзҳо мо 25 солагии ин санаи таърихиро ҷашн мегирем.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалисозии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак заминаи зарурии меъёрию ҳуқуқӣ ташкил карда шуда, ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар қонунгузории миллӣ, аз ҷумла дар Конститутсияи ҶТ, кодексҳои оила, тандурустӣ, меҳнат, ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва қонунҳои ҶТ “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таълим ва тарбияи томактабӣ”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” ва ғ. ба танзим дароварда шудаанд.
Бо кўшишҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳтар намудани вазъи риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кўдакон чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Ин аст, ки сол аз сол вазъ дар ин самт дар кишвар беҳтару хубтар шуда истодааст. Хусусан дар самти таъмини ҳуқуқи кўдакон дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иљтимоӣ, таъмини ҳуқуқҳои кўдакони дорои маъюбият ва ятимону бепарасторон пешравиҳо назаррасанд.
Давлат ба ҳифзи кўдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории махсус зоҳир менамояд. Ҷиҳати бо ҳаёти пурарзиш, сатҳи шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кўдакони ятиму бепарастор онҳо аз љониби давлат ройгон бо љойи зист, хўрок, сару либос, хизматрасонии тиббию иљтимоӣ таъмин карда мешаванд. Зимни таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии тараққиёти иқтисодию иљтимоии кишвар манфиатҳои кўдакони маъюб, ятим ва бепарастор ба назар гирифта мешаванд.
Тайи солҳои сипаришуда давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои самараноки уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак мутобиқи талаботи Конвенсияи мазкур ба Кумитаи оид ба ҳуқуқи кўдаки СММ се маротиба Маърўзаҳои миллӣ пешниҳод намуд. Бо дарназардошти тавсияҳои Кумита баҳри таъмини ҳамаљонибаи ҳуқуқу манфиатҳои кўдак чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз ҷумла, бо мақсади иҷрои тавсияҳои пешниҳодшуда Нақшаи миллии амалҳо барои солҳои 2018-2022 таҳия ва тасдиқ карда шуд, ки амалисозии он айни замон бо маром идома дорад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ба нақшаҳои миллӣ амалисозии як қатор консепсияву стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак равона шудаанд. Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзивӣ) барои кӯдакони имконияташон маҳдуд барои солҳои 2011-2015, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, Барномаи давлатии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020, Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тољикистон аз ҷумлаи чунин санадҳо мебошанд. Ғайр аз ин, айни ҳол тадбирҳои дахлдор ҷиҳати таҳияи Барномаи ягонаи миллӣ вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдак андешида шуда истодаанд.
Низоми мақомотҳое, ки бо ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак машғуланд, таъсис дода шуда, пайваста такмил дода мешаванд. Аз ҷумла, Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак ва сохторҳои маҳаллии он, шуъбаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҶТ ва сохторҳои дахлдор вобаста ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ. Нақши мақомоти судӣ, прокуратура, адлия, милитсия, адвокатура ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак дар ҷумҳурӣ назаррас мебошад.
Ҳамкориҳои судманд бо дафтари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон низ, ки сохтори асосии кӯмаки байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи кӯдак ба шумор меравад, ба роҳ монда шудаанд.
Сипас аз рӯи барнома дар кори конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва хонандагони МТМУ оид ба дастовардҳо ва дурнамои ҳуқуқҳои кӯдак дар ҷумҳурӣ бо маърӯзаҳо дар мавзӯҳои тарбияи ватандӯстӣ ва ташаккули фарҳанги кӯдакон ва ҷавонон, кӯдак ва оила, кӯдакон ва таҳсил, кӯдакон ва мубориза бо зӯроварӣ, кӯдакон дар низоми адлия, кӯдакон ва саломатӣ, кӯдакон ва об баромад намуданд.
Дар охири чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён саволу ҷавоб ва музокираҳо сурат гирифта, изҳори итминон карда шуд, ки натиҷаҳои кори конференсияи ҷумҳуриявӣ барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар ҷумҳурӣ ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти мазкур мусоидат менамояд.