МЕНЮ
|
7
январи
2021
|
ДУШАНБЕ, 06.01.2021/АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе озмунҳои шаҳрии «Омӯзгори сол», «Мураббии сол» ва «Хонандаи сол» ҷамъбаст гардида, ғолибон муайян шуданд. Омӯзгори фанни химияи Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Азизбек Зумратов ғолиби даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол», мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №132-и ноҳияи Сино Шаҳло Неъматзода ғолиби даври шаҳрии озмуни «Мураббии сол» ва хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи И.Сомонӣ Сумая Абдулфаёзиддин ғолиби даври шаҳрии озмуни «Хонандаи сол» дониста шуданд.
|
5
январи
2021
|
ДУШАНБЕ, 04.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имсол бо ташаббуси Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар пойтахт Олимпиадаи даставии «Истеъдод» ва Олимпиадаи хонандагон аз фанни технология (таълими меҳнат) баргузор мегардад.
|
30
декабри
2020
|
Санаи 30 декабр Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Ҳабибулозода Р., бо мақсади аёдати кӯдакони ятиму бепарастор ва табрикоти онҳо бо фарорасии Соли нави 2021 ба Муассисаи давлатии "Маркази дастгирии оила ва кӯдакон" - и № 1 ш.Душанбе ташриф оварданд.
Дӯстони азиз!
Фарорасии Соли нави 2021-ро ба Шумо муборакбод гуфта, хоҳони онем, ки танҳо хотираҳои нек дар бораи соли гузашта дар қалбҳои Шумо боқӣ монанд.
|
28
декабри
2020
|
Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 24-25 декабри соли 2020 дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии махсуси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои тарбиятгирандагон мониторинг гузаронида шуд.






