Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 рӯзҳои 29-30 апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/12 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба вазъи риояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон мониторинг гузаронида шуд.
Дар Муассисаи мазкур кӯдакони синни 14-сола то 18- сола бо ҳукми суд барои таълиму тарбияи махсус адои ҷазо менамоянд.
Гурӯҳи корӣ сараввал бо роҳбарият ва ҳайати кормандони Муассиса суҳбат доир намуда, вобаста ба ҳуқуқу озодии кӯдакон мутобиқи қонунгузории миллӣ, стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ ва таваҷҷӯҳи махсуси роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати кӯдакон маълумот пешниҳод намуд.
Зимни мониторинг вазъи риояи ҳуқуқҳои кӯдакон, шароити будубош, вазъи саломатӣ, таъминот бо ғизо, ҷой доштани ҳолатҳои зӯроварӣ, муошират бо хешовандон, шароити таълим, шароити кори омӯзгорон санҷида шуданд.
Аз суҳбат бо маҳкумшудагон маълум гардид, ки муносибати кормандону омӯзгорон бо онҳо хуб аст. Онҳо аз кормандону устодон ва тарзи таълимдиҳии онҳо розӣ буданд ва касе аз вайрон шудани ҳуқуқҳояш шикоят надошт.
Зимни суҳбат бо маҳкумшудагон оид ба ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кӯдакон, дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакон, қонунугузории миллӣ ва санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки ҳуқуқҳои кӯдакро танзим менамоянд, пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, инчунин дар бораи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва тартиби муроҷиат ба ӯ маълумот дода шуд.
Аз натиҷаи мониторинг ба масъулини Муассиса ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардонидани шароити маҳкумшудагон тавсияҳои дахлдор дода шуд.
Муовини сардори ШҲДҲК Низомов А.Б.