МЕНЮ
22
апрели
2021
|
Боздиди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2»-и ш.Душанбе |
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ҳабибулозода дар доираи иҷрои вазифаҳои худ ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон рӯзи 22 апрели соли ҷорӣ аз «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2»-и ш.Душанбе дидан намуд.
Лозим ба ёддоварист, ки муассисаи мазкур яке аз 4 хонаҳои кӯдакони синни томактабӣ мебошад, ки ба Маркази дастгирии оила ва кӯдак табдил дода шуданд.
Мақсади ин муассисаҳо таъмин намудани манфиатҳои қонунии кӯдакони синну соли бармаҳал, ки ба ҳолати душвори зиндагӣ дучор шудаанд ва мусоидат намудан барои тарбия ва нигоҳубини онҳо дар муҳити оилаи муносиб мебошад.
Инчунин яке аз вазифаҳои асосии марказҳои мазкур пешгирӣ намудан аз саркашии волидайн вобаста ба тарбияи кӯдак ва мусоидат намудан барои ҳарчӣ зудтар баргаштани кӯдак бо оилаи худ ба роҳи пешниҳоди хизматрасониҳои инноватсионии тиббию иҷтимоӣ ва усулҳои ба оилаҳои осебпазир нигаронидашуда иборат мебошад.
Зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак нахуст ба роҳбарияти муассиса оид ба салоҳият ва ваколатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, қонунгузории амалкунанда дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини манфиатҳои кӯдакон, эҳтиром ва риояи ҳуқуқҳои тарбиятгирандагони муассиса маълумот дода, баъдан бо шароити зисти кӯдакон, таъминоти онҳо бо ғизо, муносибати кормандони муассиса бо кӯдакон, инчунин шароити кори худи кормандони муассиса аз наздик шинос шуд.
Ҳамчунин Ҳабибулозода Р. бо модароне, ки дар Маркази мазкур оид ба нигоҳубини дурусти кӯдак машварат ва омӯзиш мегиранд, суҳбатҳои алоҳида доир намуд.
Ҳангоми боздид дар муассиса 75 кӯдаки то синни 6 сола бо таълиму тарбия фаро гирифта шуда, барои онҳо шароити хуби нигоҳдорӣ муҳайё буда, аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва шахсони алоҳидаи хайрхоҳу эҳсонкор пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир мегардад.
Маълум гардид, ки дар муассиса бо кӯдакон мутахассисони соҳибкасб аз рӯи барномаҳои қаблан тарҳрезишуда кор мекунанд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ҳайати роҳбарон ва кормандони муассиса оид ба ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакони ятиму бепарастор ва дорои маъюбият, ҳуқуқу озодиҳои онҳо, ӯҳдадории кормандони муассиса ва масъулияти падару модарон маълумоти муфассал дод.
Дар охир Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба роҳбарият ва кормандони муассиса барои ғамхорӣ нисбати кӯдакон изҳори миннатдорӣ намуд.