ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

20
апрели
2021

Санҷиши фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №86 ва №11 шаҳри Душанбе

                 
 
Тибқи Барномаи амали мақомоти ВҲИ ҶТ барои соли 2021 дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти ВҲИ ҶТ барои солҳои 2021-2025  рӯзҳои 20 - 21 апрели соли 2021 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №86 ва №11 шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби намоянда аз ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд” дар самти “Ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил” санҷиш гузаронида шуд.
Аз натиҷаи санҷишҳо бармеояд, ки биноҳои таълимии муассисаҳои зикршуда дар даврони Истиқлолият бунёд ва ба истифода дода шуда, дар якҷоягӣ зиёда аз 4000 кӯдаконро ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд. Санҷиши ҳуҷҷатҳои дохилиидоравӣ, мушоҳидаҳои гурӯҳи корӣ ва суҳбатҳои алоҳида бо омӯзгорон ва кӯдакон нишон медиҳанд, ки талаботи қонунгузории миллӣ ва санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда ҷиҳати таъмин намудани ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии мазкур риоя карда мешаванд. 
 
Муассисаҳои таълимӣ бо равоншиносони касбӣ таъминанд. Дар муассисаҳо муноқишаҳои гурӯҳӣ ва ё вайронкунии муқаррароти қонунгузорӣ оид ба маориф ба қайд гирифта нашудаанд.
Дар МТМУ №86 ва МТМУ №11 қоидаҳои зиддиэпидемикӣ ва бехатарии зидди сӯхтор риоя карда шуда, ҳолати санитарию гигиении дохилу беруни биноҳо ба талабот ҷавобгӯ мебошанд.
 
А.М.1
 
Зимни санҷиш аз ҳисоби духтарони синфҳои болоӣ фокус-гурӯҳ ташкил карда шуда, бо онҳо дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварии шаҳвонӣ ва гендерӣ” вохӯрии маҳрамона гузаронида шуд. Дар анҷоми вохӯрӣ ба духтарон брошюраи “Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо” тақдим карда шуд.
 АМ 2
Ҳамзамон бо роҳбарият, омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон” ва равоншиносони ин муассисаҳои таълимӣ суҳбатҳои алоҳида доир намуда, ба онҳо аз ҷониби гурӯҳи корӣ маводҳои иттилоотӣ, аз ҷумла якчанд адад Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон”, маҷаллаи “Ахбори ВҲИ ҶТ”, Маърӯзаи ВҲК ҶТ барои соли 2019 ва брошюраи “Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо” тақдим карда шуданд. 
Аз натиҷаи санҷиш ба роҳбарияти  муассисаҳои таълимии зикршуда барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи дастрасии кӯдакон ба таҳсил тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуд. 
 
 
 
А. Содиқов – сардори ШҲДҲК
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
                                                    
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal