ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

14
апрели
2021

Хонандаи мактаби №5-и шаҳри Норак дар Озмуни байналмилалии адабӣ-бадеӣ ғолиб омада, ба истироҳатгоҳи «Артек» роҳхат гирифт

 ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Норак Алия Қурбоналиева дар Озмуни  байналмилалии адабӣ-бадеӣ бахшида ба 115-солагии шоири кӯдаконаи рус Агния Барто миёни 268 нафар иштирокчиён аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон  иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал, Дипломи дараҷаи якум ва  роҳхат ба истироҳатгоҳи тобистонаи «Артек» гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар медиҳад.
 
 
Ба ин муносибат раиси шаҳри Норак Дилшод Асозода ғолиби озмун Алия Қурбоналиеваро бо дастоварди назаррас табрик намуда, ғолиби озмун, директори муассисаи таълимӣ, омӯзгор ва падару модари хонандаро бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ намуд.
 
Озмуни мазкур ба таври онлайн сурат гирифта, аз ду номина- видеои қироати шеърҳо аз ашъори шоири рус ва таҳияи албоми мавзӯӣ иборат буд.
 
Тавре муаллимаи Алия Гулшан Мусоева иброз дошт, дар озмун 19 нафар хонандагони мактаби №5 шаҳри Норак видеороликҳо аз ашъори Агния Барто ва расмҳои кашидаи  худро ба ин озмун фиристоданд.  Аз миёни 19 нафар хонанда Алия соҳиби ҷои аввал  гардид. Хонандагони дигари ин мактаб барои иштирок дар озмун бо дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.Муаллима Гулшан Мусоева низ барои тайёр намудани иштирокчиёни озмун бо Диплом қадрдонӣ шуд.
 
Norak 3 7 300x191
 
Мақсади Озмуни  байналмилалии адабӣ-бадеӣ- дарёфт ва дастгирӣ намудани  иштирокчиёнест, ки сатҳи баланди тайёрӣ ва қобилияти фавқулодаро дар соҳаи забони русӣ, адабиёти рус, санъати тасвирӣ, санъати суханварӣ ва маҳорати театрӣ дороянд.
 
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal