26
феврали
2021
|
Рӯзи 26 февралии соли 2021 дар Китобхонаи миллӣ мизи мудаввар бо иштироки масъулини соҳаи маориф вобаста ба ҳамгироӣ ва густариши Низоми огоҳкунии бармаҳал дар доираи барнома ва механизмҳои мавҷудаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва дохилимактабӣ бо маблағгузории Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилояти Хатлон, ВМКБ, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Исфара, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҷ.Расулов, Деваштиҷ ва намояндагони сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
9
феврали
2021
|

4
феврали
2021
|

Санаи 29 январи соли 2021 муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибулозода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Серватюк Василий Николаевич вохӯрӣ доир намуд.

ДУШАНБЕ, 28.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 25 январ то 14 феврали соли равон дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» -и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе озмун баргузор мегардад.