МЕНЮ
28
сентябри
2021
|
Санҷиш дар филиали Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рушони ВМКБ. |
Бо мақсади иҷрои саривақтии бандҳои дахлдори Барномаи амали мақомоти ВҲИ ҶТ барои соли 2021 дар доираи амалисозии Стратегияи мақомоти ВҲИ ҶТ барои солҳои 2021-2025 рӯзи 29 сентяби соли 2021 аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ҳайати ва роҳбари Намояндагии ВҲИ ҶТ дар ВМКБ санҷиши фаъолияти филиали Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон»-и ВММША ҶТ дар ноҳияи Рушони ВМКБ гузаронида шуд.
Филиали Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон»-и ВММША ҶТ тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар барои таҳсилоти ибтидоии касбӣ» ва Оинномаи муассиса фаъолият намуда, барои касбомўзӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос аз ҳисоби шахсони ниёзманди ҷомеа фаъолият менамояд ва аз рўи ихтисосҳои радиомеханик оид ба таъмир ва хизматрасонии дастгоҳҳои радио ва телевизион, системаи компютерӣ ва интернет-технология ва дўзанда мутахассис тайёр мекунад.
Ба ҳолати имрӯза дар муассисаи мазкур 29 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 11 нафар писар ва 18 нафар духтарон, аз ҷумла 12 нафар маъюб, 1 нафар ятим, 11 нафар нимятим ва 5 нафар аз оилаҳои маъюбдошта таҳсил менамоянд. Ба тарбиягирандагони Литсей 12 нафар омӯзгорону мураббиён таълиму тарбия медиҳанд, ки аз онҳо 8 нафар занҳо мебошанд.
Таълимгирандагон дар таъминоти давлатӣ қарор дошта, имтиёзи бо ҷойи хоб, се вақт хўроки гарм, доруворӣ, либос, гирифтани идрорпулӣ ва истироҳат дар истироҳатгоҳро доранд.
Аз пурсишҳо ва суҳбатҳои алоҳида бармеояд, ки тарбиягирандагон аз раванди таҳсил ва омӯзгорон қаноатманд буда, дар мактаб шароити мусоид, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои компютерӣ фароҳам оварда шудааст. Муносибати омўзгорон нисбати кӯдакон ва муносибати байни хонандагон хуб буда, онҳо худро дар дохили муассиса хуб ҳис мекунанд.
Директори Литсей пайваста мекӯшад, ки ҷиҳати беҳдошти шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар доираи салоҳияти худ аз ҳамаи имкониятҳо, аз ҷумла аз мусоидати эҳсонкорон ва ташкилоту идораҳои давлатӣ истифода барад.
Муассиса тозаву озода буда, долонҳо ва синфхонаҳои он бо гулҳо ва лавҳаҳои иттилоотиву тарбиявӣ, аз ҷумла лавҳаҳои ҳуқуқӣ оро дода шудаанд. Қобили қайд аст, ки дар бораи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак лавҳаи алоҳида ва пурмуҳтаво ташкил карда шудааст. Қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор риоя карда шуда, гӯшаҳои махсус бо оташхомӯшкунакҳо ва дигар асбобҳои зидди сӯхтор таҷҳизонида шудаанд.
Сару либоси тавсиявӣ аз ҷониби хонандагон риоя шудааст ва ҳолати санитарию гигиении долону синфхонаҳо ба талабот ҷавобгӯ мебошанд. Дар Литсей муҳити бемонеа барои будубоши кӯдакони маъюб муҳайё карда шудааст.
Дар Литсей робитаҳои оилавӣ хуб ба роҳ монда шудааст. Падару модарон ва хешу таборон метавонанд ҳар вақте ки хоҳанд, кӯдакони худро аёдат кунанд ва онҳое, ки имконият доранд, метавонанд рӯзҳои шанбеву якшанбе кӯдаконро бо худ баранд.
Дар муассисаи таълимӣ бунгоҳи тиббӣ фаъолият менамояд, ки дар он 2 нафар мутахассисони соҳаи тиб фаъолият мекунанд. Кормандони тиббӣ ба солимгардонии хонандагон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Ошхона дар тавозуни муассиса қарор дорад ва фаъолияти он хуб ба роҳ монда шудааст. Сифати хӯрока ва калориянокии он аз ҷониби кормандони тиббии муассиса назорат карда мешавад.
Ҳуҷраи ҷомашўйӣ бо як адад мошинаи ҷомашўйии нимавтоматӣ таъмин шудааст. Ҳаммоми Литсей бо оби гарм таъмин буда, ба талабот ҷавобгў мебошад. Тарбиягирандагон бо воситаҳои гигиенаи шахсӣ таъминанд. Дар дохили бино ҳоҷатхонаҳои писарона ва духтарона дар алоҳидагӣ мавҷуд буда, ба талаботи санитарӣ пурра ҷавобгў мебошанд.
Зимни суҳбати ҷудогона бо роҳбарияти Литсей ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасии кӯдакон ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва истироҳату фароғат дар филиали Муассисаи давлатии «Литсейи касбии махсуси маъюбон»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рўшони ВМКБ тавсияҳои дахлдор пешниҳод шуданд.