ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

29
сентябри
2021

Санҷиши фаъолияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 н. Рушон

Тибқи Барномаи амали мақомоти ВҲИ ҶТ барои соли 2021 дар доираи амалисозии Стратегияи мақомоти ВҲИ ҶТ барои солҳои 2021-2025 рӯзи 28 сентяби соли 2021 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 н. Рушон аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар ҳайати кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИҶТ ва роҳбари Намояндагии ВҲИ ҶТ дар ВМКБ мониторинг гузаронида шуд. 
 
Қабл аз оғози санҷиш гурӯҳи корӣ бо Раиси ноҳияи Рушон ва муовини соҳавии ӯ вохӯрӣ доир намуда, барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд аз номи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак миннатдорӣ баён намуданд. Инчунин оид ба фаъолияти мақомоти ВҲИ ҶТ мухтасар маълумот пешниҳод карда шуда,  ҳадафҳои сафари корӣ баён карда шуданд. Дар анҷоми вохӯрӣ ба роҳбарияти ноҳия якчанд адад маводи иттилоотӣ оид ба фаъолияти мақомоти ВҲИ ҶТ тақдим карда шуд.
 
Зимни санҷиш гурӯҳи кориро котиби комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки МИҲД ноҳияи Рушон ҳамроҳӣ намуд. Муассисаи таълимии №8 аз 2 бинои якошёна ва дуошёна иборат аст ва барои таълиму тарбияи 400 нафар кӯдакон пешбинӣ шудааст. Айни ҳол дар муассисаи таълимии мазкур 405 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.  Аз ин шумора 204 нафар духтарон мебошанд.  Таълим бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шудааст.  
Ба кӯдакон 41 нафар омӯзгорон таълиму тарбия медиҳанд, ки аз онҳо 9 нафар мардҳо мебошанд. Инчунин дар муассисаи таълимӣ 12 нафар кормандони техникӣ хизматрасониҳои гуногунро анҷом медиҳанд.
Дар муассисаи таълимӣ кӯдакони дорои маъюбият таҳсил намекунанд ва 12 нафар кӯдакони нимятим ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 6 нафари онҳо духтарон мебошанд.
 
мт
 
Гурӯҳи корӣ дар якҷоягӣ бо роҳбарияти муассиса аз синфхонањо,  майдончаи варзишӣ ва дигар инфрасохторҳои муассисаи таълимӣ дидан намуданд. 
Санҷиши вазъи биноҳои таълимии муассиса нишон медиҳад, ки бинои якошёнаи он соли 1936 бунёд шуда, азнавсозии пурраро тақозо мекунад. Бинои таълимии дуошёна бошад,  соли 1982 ба истифода дода шудааст. Инчунин дар муассисаи таълимӣ бо мебели нав иваз намудани мебели мактабӣ мувофиқи мақсад аст. Бинои муассисаи таълимӣ  куњна бошад њам,  синфхонањо, роњрав ва атрофи бино дар ҳолати хуби санитарӣ қарор доранд. Сохтмони майдончаи варзишии муассиса  идома дошта, дар арафаи анљомёбист.
Аз натиҷаи санҷиш ба роҳбарияти  МТМУ №8 барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи дастрасии кӯдакон ба таҳсил ва њифзи саломатї тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуд. 
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal