ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

7
октябри
2021

Ифтитоҳи Кӯдакистони “Махзани илм” дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мактаб - кӯдакистони “Махзани илм”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
 
Мактаб-кӯдакистон бо саҳми бонуи соҳибкор Гуландом Воситова дар заминаи таваҷҷуҳ ва дастгириҳои давлатии соҳибкории ватанӣ ҷиҳати амалисозии дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия бунёд гардидааст.
Муассисаи мазкур бо харҷи беш аз 1 миллиону 150 ҳазор сомонӣ сохта шуда, бо тарҳу лоиҳаи хоса барои таълиму тарбияи то 160 нафар хонандагону кӯдакон пешбинӣ гаштааст.
 
71021 сад Бобочон Гафуров1
 
Дар муассисаи мактабӣ 40 нафар хонанадагон ба машғулиятҳои иловагӣ - омӯзиши амиқи забонҳои хориҷии англисӣ, олмонӣ, хитоӣ ва русӣ фаро гирифта мешаванд, ки барои ин имконияту шароитҳои меъёрӣ фароҳам оварда шудааст.
Бинои муассисаи мактаби дорои 2 синфхонаи таълимӣ ва дигар иншооти ёрирасон аст.
 
71021 сад Бобочон Гафуров5
 
Ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷрибаву соҳибмалака ва дар  раванди таълим истифода шудани адабиёти иловагӣ аз роҳу омилҳои босифати таълим ва омӯзиши забонҳо мебошад.
Дар шафати мактаб бинои кӯдакистон бунёд карда шудааст, ки он аз ду ошёна бо таҳҳона иборат буда, дар шаш гуруҳ 120 нафар кӯдак тарбият мегиранд. Ҳамаи шаш гуруҳ дорои хонаҳои алоҳидаи хоб ва бозӣ буда, гуруҳҳо бо кату рахти хоб ва таҷҳизот, ашёву аёниятҳо тибқи меъёрҳои тарбияи томактабӣ муҷаҳҳазонида шудааст.
 
71021 сад Бобочон Гафуров45
 
Дар таҳхонаи иншоот асосан толорҳои варзиш ва мусиқӣ ҷой дода шудааст. Муассиса ҳамзамон дорои ҳуҷраҳои корӣ барои кормандону маъмурияти муассиса, ҳамшираи шавқат ва равоншинос буда, иншооти захираву нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ низ аз имкониятҳои кӯдакистон аст.
Раванди таълиму тарбия дар муассисаи томактабӣ асосан бо забони русӣ ба роҳ монда шуда, кӯдакон ҳамчунин ба омӯзиши забонҳои англисӣ ва хитоӣ ва дигар машғулиятҳои варзишӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар саҳни ҳавлии кӯдакистон чор суҳбаткадаҳои мавсимӣ бунёд ёфта, девори иҳотавӣ ва дохили гуруҳҳо бо расму тасвирҳои каҳрамонони афсонавӣ мутобиқ ба завқу шавқи кӯдакон оро дода шудааст.
 
71021 сад Бобочон Гафуров4
 
Дигар тадбирҳои ободонӣ - кабудизоркуниву гулкорӣ дар ҳудуди муассиса мебошад.
Тарбиятгирандагон дар чор вақт бо ғизои солим таъминанд ва дар давраи тирамоҳу зимистон муассиса бо дастгоҳҳои махсус гарм карда мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд кардани шумораи кӯдакистонро дар маҳаллу деҳот барои фарогирии ҳарчи бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактаби муҳим арзёбӣ намуданд.

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal