ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

7
марти
2021

7 марти соли 2021

Модарону бонувони арҷманд ва хоҳарони азиз!

Ба ифтихори Рӯзи модар, ки дар оғози фасли зебои баҳор фаро мерасад, тамоми модарону бонувони муҳтарам ва хоҳарону духтарони азизро самимона табрик мегӯям ва ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори осуда орзу менамоям.

3
марти
2021

 
Кӯдакон 
таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор доранд
 (дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021) 
 
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъияти хеле муракаби ҷаҳонӣ вобаста ба паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 сурат гирифт. 
Дар оғози ироаи Паём Сарвари давлат қайд карданд, ки соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд ва паҳншавии бемории сироятии коронавирус сайёраро ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ овард.

26
феврали
2021

Рӯзи 26 февралии соли 2021 дар Китобхонаи миллӣ мизи мудаввар бо иштироки масъулини соҳаи маориф вобаста ба ҳамгироӣ ва густариши Низоми огоҳкунии бармаҳал дар доираи барнома ва механизмҳои мавҷудаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва дохилимактабӣ бо маблағгузории Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) баргузор гардид, ки дар он намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилояти Хатлон, ВМКБ, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, Исфара, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҷ.Расулов, Деваштиҷ ва намояндагони сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

9
феврали
2021

ДУШАНБЕ, 08.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 феврал роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузор намудани мизи мудаввар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 26 январи соли 2021 мавриди шарҳу тавзеҳ қарор доданд. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

4
феврали
2021

ДУШАНБЕ, 04.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бемории сироятии COVID-19 дар баробари дигар соҳаҳои муҳими давлатӣ ба фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетаъсир намонд. Мо дар  заминаи пандемияи ҷаҳонӣ дар якчанд  шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо сафарбарнамоии кормандон нуқтаҳои муроҷиатҳои сайёр ташкил кардем, ки тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандон шунида шуда, ба аксари онҳо ҷавобҳои  қонеъкунанда пешниҳод гардид. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода ба хабарнигорон изҳори назар намуд.

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal