ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Май 2025
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
28 29 30 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

girl boy3

14
сентябри
2020

ДУШАНБЕ, 12.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи «Саразм плаза»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар ҳамин ҷо бо кӯдакони ятими кулл мулоқот карданд.

14
сентябри
2020

12.09.2020, шаҳри Панҷакент
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
 
Бо камоли ифтихор тамоми мардуми шарифи кишвар, аз ҷумла сокинони шаҳри Панҷакенти бостониро, ки на танҳо зодгоҳи саромади шеъру адаби тоҷику форс — Одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, балки яке аз оғозгоҳҳои таърихи куҳанбунёди халқи тоҷик мебошад, ба муносибати ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – бисту нӯҳсолагии истиқлоли давлатӣ ва 5500 – солагии Саразм табрик мегӯям.

14
сентябри
2020

ДУШАНБЕ, 12.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Нимаи дуюми рӯзи 12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба 5500-солагии Саразм, ба ин макони таърихӣ ташриф оварданд.

14
сентябри
2020

ДУШАНБЕ, 12.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 72-ро мавриди истифода қарор доданд.

12
сентябри
2020

ДУШАНБЕ, 11.09.2020 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Шермаҳмад, Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф ва роҳбарони дигар сохтору мақомоти дахлдор, аз ҷумла роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ доир намуд. Зимни баргузории ҷаласа дар қатори дигар масъалаҳо санҷиши муроҷиати хешовандони духтари сесолаи таҷовузшуда аз шаҳри Турсунзода ва дигар ҳодисаҳои ба ин монанд, ки рӯзҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуда, боиси ба вуҷуд омадани сару садоҳои зиёд доир ба ин масъала гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Омодакунандаи сомона DarAmal