МЕНЮ
10
декабри
2020
|
Баргузории мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон |
Санаи 10 декабри соли ҷорӣ дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18.11.2020 №32/10-2175, бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки намояндагони мақомоту идораҳои давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шарикони рушд дар доираи таҷлили Рўзи ҳуқуқи инсон, ҷиҳати ташвиқу тарғиби дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Дастгоҳи иҷроия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, муассисаҳои илмӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.
Чорабиниро Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон — У. Бобозода оғоз намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон табрику таҳният намуд. У.Бобозода зимни суханронӣ қайд намуд, ки ҳамасола 10 декабр дар тамоми ҷаҳон Рӯзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад. Дар Тоҷикистон низ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» имрӯз ҳамчун Рӯзи ҳуқуқи инсон таҷлил мешавад.
Ин ҷашн ба рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, ки 10 декабри соли 1948 дар шаҳри Парижи Фаронса қабул гардида буд вобастагӣ дорад. Санади мазкур дар таърихи инсоният нақши муҳим ва назаррас дошта, дар тамоми ҷаҳон ва аз ҷониби кулли одамон ҳамчун санади муътабар қабул шудааст ва зиёда аз 72 сол мешавад, ки ба халқи ҷаҳон хизмат мекунад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ бо баробари ба Истиқлолияти давлатӣ мушараф гардидан Эъломияи мазкурро эътироф намуда, аксари санадҳои байналмилалии марбут ба соҳаи ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонид. Онҳо қисми таркибии низоми ҳуқуқии кишвар эътироф гардида, қонунгузории миллӣ ба онҳо мутобиқ гардонида шуданд.
Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба ин ҷашн суханронӣ ва дар мавзӯъҳои «Аҳамияти қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва нақши он дар боло бурдани мақому манзалати инсон», «нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Натиҷаҳои пешакии татбиқи барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар солҳои 2013-2020 ва дигар мавзӯъҳо маърӯзаҳо карда шуд.
Баъдан, иштирокчиёни мизи мудаввар доир ба маърӯзаҳои ироагардида фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон У.Бобозода дар ҷамъбаст иштирокчиёни чорабинии мазкурро бо ин санаи муҳим табрик ва таҳният гуфта, барои фаъолона ширкат варзиданашон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ