Ҳуқуқи инсон дастоварди умумии инсоният буда, халқҳои зиёд дар ташаккули он нақши муассир гузоштаанд.
Аз ин лиҳоз, шурўъ аз соли 1950 ҳамасола санаи 10 декабр – рўзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон — “Барҷастатарин санад дар таърихи инсоният”, “Хартияи бузурги ҳуқуқу озодиҳои тамоми инсоният” таҷлил карда мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, тибқи муқаррароти Қонуни ҶТ “Дар бораи рўзҳои ид” 10 декабр ҳамчун Рўзи ҳуқуқи инсон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аз рўзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани худ, ҳуқуқи инсонро ҳамчун. арзиши, муҳими ҷомеаи демократӣ қабул карда, тамоми санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсонро ба тасвиб расонид ва баҳри амалишавии онҳо корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодааст.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол инсон, ҳуқуқу озодиҳои ўро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, муқаррар намуд, ки онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти конунгузор ва иҷроия буда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд.
Дар қонунгузории миллӣ тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониба пайдо карданд. Давлат ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба моликият ва мерос, таҳсил, меҳнат, манзил, ҳуқуқ ба истироҳат ва ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад.
Ислоҳоти институтсионалӣ, ки бо мақсади таҳким бахшидани механизмҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон амалӣ карда мешаванд, дар рушди ҳуқуқи инсон нақши муҳим доранд. Яке аз қадамҳои устувори ҷумҳурӣ дар ин самт таъсис додани мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мебошад, ки дар фаъолияти худ баҳри рушди ҳуқуқи инсон чораҳои дахлдорро андешида истодааст.
Роҳбарият ва ҳайати кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо истифода аз имкони муносиб Шумо — мардуми шарифи Тоҷикистонро ба муносибати Рўзи ҳуқуқи инсон табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, саодатмандӣ ва сарбаландӣ таманно менамоянд.
Бо эҳтиром,
Умед Бобозода
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон