ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

11
декабри
2020

Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар пойтахт ҷараён дорад

ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи панҷум аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Даври ниҳоии озмуни мазкур  7 декабр шурӯъ гардида,  то 15 декабри соли равон  идома меёбад. Ба  ин даври озмун  267 нафар довталаб  аз вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе роҳхат гирифтааанд.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, бо мақсади шаффоф баргузор шудани озмун масъулони он барои волидон ва иштирокдорон дар макони баргузории ҳар як номинатсия мониторҳо гузоштаанд, ки ҷараёни он  пурра мустақиман пахш ва аз ҷониби тамошобинон назорат карда мешавад.
 
То ин замон  доварон аз рӯи 5 номинатсияи озмун бештар аз 160 довталабро аз вилоятҳои Бадахшон, Суғд ва Хатлон шуниданд.
 
Ба гуфтаи  масъули  озмун Фирдавс Аминов, дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик” то имрӯз  43 нафарро шунидаанд, ки аз он 2 нафар аз вилояти Бадахшон, 15 нафар аз вилояти Суғд ва 26 нафар аз вилояти Хатлон будаанд. Бояд гуфт, ки  ба  номинатсияи мазкур 67 нафар довталаб роҳхат гирифтааст.
 
Дар номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик”  то ин замон аъзои ҳакамон ба маҳорату дониши 34 нафар —  2 нафар аз вилояти Бадахшон, 13 нафар аз вилояти Суғд ва 19 нафар аз вилояти Хатлон баҳо додаанд.  Дар номинатсияи мазкур 62 нафар роҳхат гирифтааст.
 
Дар номинатсияи “Хондан ва  аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик” то нимаи аввали имрӯз ҳайати ҳакамон 39 нафар — 3 нафар аз вилояти Бадахшон, 17 нафар аз вилояти Суғд ва 19 нафар аз вилояти Хатлонро шунидаанд. Ба  ин номинатсия  54 нафар роҳхат гирифтааст.
 
Furug 2020.JPG2 1
 
Дар номинатсияи “Хондан ва  аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон” доварон 35 нафарро аз тамоми ҷумҳурӣ шунидаанд, ки шумораи умумии иштирокдорони  ин номинатсия 61 нафар мебошанд.
 
Дар номинатсияи «Шоирӣ»  то ин дам 12 нафар довталабӣ намудааст, ки  шумораи умумии онҳо  23 нафарро ташкил медиҳад.
 
Бояд гуфт дар озмун довталабон аз рӯи номинатсияҳои интихоб кардаашон рӯйхати асарҳои хондаашонро ба ҳакамон пешниҳод мекунанд.   7 нафар аъзои ҳакамон аз ҳамон рӯйхати пешниҳодшуда  бо довталабон суолу ҷавоб мекунанд.        Тавре аъзои ҳакамон иброз медоранд, омодагӣ нисбат ба  соли пешин  хеле хуб мушоҳида мегардад,  вале ҳанӯз ҳам камбудиҳо дар пешниҳоди рӯйхати асарҳо ба назар мерасад, ки аз надонистани Низомномаи озмун дарак медиҳад.
 
Бояд зикр намуд, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ  китоб аст» бо Амри Президенти мамлакат   соли дуюм аст, ки  ба муносибати 30-солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   доир мешавад.
 
 Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal