МЕНЮ
12
декабри
2020
|
Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакони маъюбиятдошта |
Кӯдакони маъюбиятдошта шаҳрвандони комилҳуқуқи ҷомеаи мо буда, ба монанди дигар кӯдакон ба муносибати сазовор ва баробар ҳуқуқ доранд. Инчунин онҳо бо мақсади худинкишофдиҳӣ ва иштироки комил дар ҳаёти ҷомеа ба ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустию тавонбахшӣ, рушди малака, шуғл, ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ҳуқуқи баробар доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият яке аз аввалинҳо шуда, Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдакро ба тасвиб расонид. Мутобиқи моддаи 23 Конвенсияи мазкур давлатҳои аъзо бояд ба кӯдаки маъюбиятдошта зиндагии комил ва шоистаро дар шароите муҳаё созанд, ки он шаъну эътибори ӯро таъмин кунад, бовариашро нисбат ба худ зиёд намояд ва иштироки фаъоли ӯро дар ҳаёти ҷамъиятӣ осон гардонад. Ҷиҳати амалӣ гардонидани муқаррароти зикршуда Ҷумҳурии Тоҷикистон чи дар самти қонунгузорӣ ва чи дар самти амалия тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодааст.
Моҳи марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон имзо гузошт, ки қадами устуворе дар самти таъмин ва ҳифзи шахсони маъюбиятдошта мебошад. Ҳамчунин бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2020, №116 “Нақшаи миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ва амалинамоии Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон” тасдиқ шудааст ва ҷиҳати иҷрои он вазорату идораҳои дахлдор кор бурда истодаанд.
Дар ҷумҳурӣ ба ҳифзи кӯдакони маъюбиятдошта ва таълиму тарбияи онҳо ғамхории махсус зоҳир карда шуда, ҷиҳати таъмини ҳуқуқҳои онҳо санадҳои меъёрии дахлдор қабул ва амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 ва Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Инчунин дар як қатор санадҳои зерқонунӣ ба кӯдакони маъюбиятдошта имтиёзҳои муайяне пешбинӣ шадааст, аз ҷумла дар Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2 декабри соли 2008, №600 имтиёзҳо дар самти хизматрасонии тиббию санитарӣ дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ пешбинӣ шудааст. Қарори Ҳукумати ҶТ аз 13 декабри соли 2012, №724 бошад як қатор хизматрасониҳои ройгони иҷтимоиро ба кӯдакони маъюбиятдошта пешбинӣ кардааст. Умуман зимни таҳия ва татбиқи тамоми барномаҳои давлатии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар манфиатҳои кӯдакони маъюбиятдошта ба назар гирифта мешаванд.
Барои амалӣ намудани кафолатҳои пешбинишуда як қатор вазорату идораҳои дахлдор вобаста шудаанд ва пайваста дар ин самт фаъолият мебаранд.
Мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ки бевосита дар масоили ҳуқуқи инсон кору фаъолият менамояд, дар самти таъмин ва ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюбиятдошта, аз ҷумла кӯдакони маъюбиятдошта дар доираи салоҳиятҳои худ корҳои муайянеро ба анҷом мерасонад.
Тавре ба ҳамагон маълум аст, бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак таъсис дода шуд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Стратегияи фаъолияти худ барои солҳои 2018-2020 ҳуқуқҳои кӯдакони маъюбиятдоштаро ба таҳсилоти босифат дар муҳити фарогир самти афзалиятноки фаъолият муайян намуд, ки амалигардонии он имсол ба анҷом мерасад. Интихоби мавзӯи мазкур ҳамчун самти афзалиятнок ба он алоқаманд буд, ки кӯдакони маъюбиятдошта дар низоми маориф яке аз гурӯҳҳои осебпазир ба шумор мераванд.
Таҳсилоти босифат дар муҳити фарогир воситаи асосиест, ки дар он ниёзҳои хонандагони ҷудогона ва тавоноии онҳо ба инобат гирифта мешавад ва тавассути он кӯдакони маъюбиятдошта имконияти иштироки баробарро дар ҳаёти ҷомеа ба даст меоранд. Ҳамчунин маҳз тавассути таҳсилоти фарогир мо метавонем аз моделҳои муносибати хайриявӣ ва тиббӣ ба моделҳои иҷтимоию ҳуқуқӣ гузарем.
Амалисозии ҳадафи мазкур аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак тавассути иҷрои як қатор корҳо, аз ҷумла таҳлил ва пешбурди қонунгузорӣ ва сиёсат дар ин самт, мониторинги муассисаҳои таълимӣ, қабул ва баррасии муроҷиатҳо, баргузор намудани чорабиниҳои иттилоотию тарғиботӣ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакони маъюбиятдошта ва омода намудани маърӯзаҳои солона ба роҳ монда шуд.
Бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои кӯдакони маъюбиятдошта аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар муассисаҳое, ки бо таълими чунин кӯдакон сару кор доранд, пайваста санҷишу мониторингҳо гузаронида мешавад. Аз ҷумла, дар 11 моҳи соли 2020 дар 13 муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, МТМУ, мактаб-интернатҳо ва марказҳои саломатӣ оид ба риояи ҳуқуқҳои кӯдакон аз ҷумла, кӯдакони маъюбиятдошта санҷишу мониторингҳо гузаронида шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари дастовардҳо дар ин самт масъалаҳои ҳалталаб низ ҳастанд. Норасоии мутахассисони соҳавӣ, норасоии воситаҳои техникӣ (аробачаҳои маъюбӣ, асобағал, ҷиҳози шунавоӣ, пойафзолҳои ортопедӣ, асоҳо барои кӯдакони зарир), адабиёт бо алифбои Брайл, набудани дастрасии бемонеа ба баъзе объектҳои инфрасохторӣ, тамғазанӣ, табъиз ва нофаҳмӣ аз ҷониби ҷомеа, институтсионализатсияи ин кӯдакон ва мушкилот дар раванди муайяннамоии барвақтӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар намудани вазъи кӯдакон ба роҳбарони муассисаҳе, ки мавриди санҷишу мониторинг қарор дода шуданд ва вазорату идораҳои дахлдор тавсияҳои лозима пешниҳод карда шуданд.
Самти дигари фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо мебошад. Дар доираи фаъолият дар самти мазкур кормандони мақомот вобаста ба ҳуқуқҳои кӯдакони маъюбиятдошта тавассути баромад дар ВАО, чопи мақола ва хабару гузоришҳо чорабиниҳои иттилоотонӣ мегузаронанд. Ҳамчунин зимни вохӯриҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар маҳалҳо бо аҳли ҷомеа ҳуқуқҳои кӯдакони маъюбиятдошта низ матраҳ мегарданд.
Ваколтадор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷиҳати таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдакони маъюбиятдошта таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, ҳамасола дар маърӯзаҳои худ дар ин самт тавсияҳои дахлдор бобати омода намудани мутахассисони дорои донишу малакаи кор бо кӯдакони маъюбиятдошта, таъсис додани марказҳои иловагии махсусгардонидашудаи тавонбахшӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, беҳтар намудани вазъи таъминот ва сифати воситаҳои техникии тавонбахшӣ, тақвият додани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва волидон дар амалӣ гардонидани барномаҳои муайяннамоии барвақтии маъюбӣ ва гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ ҷиҳати аз байн бурдани тамғазанӣ (стигма) ва табъиз нисбати кӯдакони маъюбиятдошта пешниҳод менамояд.
Ҳамин тариқ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак бо амалисозии Стратегияи фаъоляти худ дар таҳкими ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар ҷумҳурӣ ва иҷрои уҳдадориҳои байналлмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқҳои кӯдак ва хусусан кӯдакони маъюбиятдошта саҳмгузор мебошад. Ҳуқуқҳои кӯдакони маъюбиятдошта дар фаъолияти минбаъдаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак низ афзалиятнок боқӣ мемонад. Зеро ин кӯдакон бояд ҳаёти пурарзиш ва шароите дошта бошанд, ки шарафи инсонии онҳоро таъмин намояд, барои ба худ бовар доштанашон мусоидат кунад ва иштироки онҳоро дар ҳаёти ҷомеа осон гардонад.
Сайёд Раҳимов,
Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид
ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон