МЕНЮ
14
декабри
2020
|
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ. Расо 10 сол пеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуда буданд |
ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Расо даҳ сол пеш, 14 декабри соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» -ро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда буданд.
«Дар давраи ҷаҳонишавии босуръати мушкилоти башарият ва омезиши арзишҳо, вақте ки нақш ва таъсири таълиму тарбия ҳамчун маҳаки иҷтимоии рушди инсон ва таҳкими сармояи зеҳнӣ пояҳои ҷомеаи навро фароҳам месозад, қабули чунин санади муҳим иқдоми саривақтист», — изҳор дошта буданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи қонун 14 декабри соли 2010.
Ба гуфтаи Пешвои миллат, лоиҳаи қонун ба баланд бардоштани масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон ва ба ҳаёти мустаҳқилона омода кардани онҳо нигаронида шудааст.
Сарвари давлат хабар доданд, ки лоиҳаи қонуни мазкур ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда мешавад ва аз ҷомеаи ҷумҳурӣ даъват намуданд, ки давоми дуюним моҳ пешниҳодҳои худро оид ба мукамал гардонидани лоиҳа пешниҳод кунанд.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки таълим ва тарбия дар ҷараёни ҳамкории зичи се шохаи иҷтимоӣ: оила, мактаб ва ҷомеа сурат хоҳад гирифт.
“Баъзе волидон тарбияи фарзандро масъулияти мактаб мешуморанд ва ба ин мушкилот назари хеле сатҳӣ доранд. Аксари онҳо тасаввурот надоранд, ки фарзандонашон дар мактаб чӣ кор мекунанд ва вақти холии худро чӣ гуна мегузаронанд», — зикр намуданд Президент.
Сарвари давлат таваҷҷуҳро ба зарурати таъмини муттасилии анъанаҳои беҳтарини ахлоқӣ ва одоби ҳамида, ки аз насл ба насл интиқол меёбанд, ҷалб карданд.
Дар ҷаласа дастурҳои Сарвари давлат дар бораи зарурати эҳёи анъанаҳои таълим, тарбия ва ҷалби наврасон ба меҳнат дар маҳфилҳои мактабӣ ва ё намудҳои варзиш таъкид карда шуд. «Мактабҳои мамлакати мо тамоми имконотро мусоид месозанд, то ин ки кӯдакон дар шароити муосир таҳсил намоянд, малакаҳоеро, ки бидуни онҳо рушди иқтисодиёти мамлакатро тасаввур кардан ва сатҳи зиндагии аҳолиро таъмин намудан ғайриимкон аст, фаро бигиранд. Синфхонаҳое ҳастанд, ки бо воситаҳои техникии навтарин муҷаҳҳаз мебошанд. Аксар вақт, ҳатто дар ноҳияҳои дурдасттарини ҷумҳуриамон дар синфхонаҳо компютерҳоро дидан мумкин аст», — иброз намуданд зимни суханронӣ Сарвари давлат.
«Танҳо ҷавонони соҳибмаълумот ва соҳибихтисоси дорои малака ва касбҳои муосир метавонанд саҳми худро дар рушди давлат бигузоранд», — иброз намуданд Пешвои миллат.
Ёдовар мешавем, ки ташаббускори таҳияи ин қонун, ки моҳи августи соли 2011 тасвиб шуд, Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»