ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

3
декабри
2020

Муаррифии лоиҳаи «Мактаби бехатар: Пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон, бо таваҷҷуҳ ба духтарон дар оила, мактаб ва ҷомеа»

       Рӯзҳои 3-4 декабри соли 2020 дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе дар асоси Ёдошти тафоҳум байни шуъбаи ташкилоти «Good Neighbors» (Ҳамсоягии нек) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ гардонидани лоиҳаи «Мактаби бехатар:
Пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон, бо таваҷҷуҳ ба духтарон дар оила, мактаб ва ҷомеа» бо маблағгузории Хазинаи  кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) маҷлиси ифтитоҳи баргузор гардид, ки дар он шарикони ҳамкори лоиҳа, аз ҷумла намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсат ва шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои зерҳадафи лоиҳа, намояндагони аъзоёни ҷомеа,  иштирок ва суханронӣ карданд.
     Лоиҳаи мазкур дар 35 муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла  шахри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор, Восеъ, Ёвон, Б.Ғафуров ва шаҳри Исфара амалӣ карда мешавад ва ҳадафи ниҳоии барнома ин то соли 2022  таҳияи механизми бехатар ва мусоиди пешниҳоди арзу шикоятҳо баҳри пешгирии хушунат нисбати кӯдакон хусусан духтаронро дар бар мегирад. 
     Дар маҷлиси мазкур мутахассиси пешбари шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Машрабзода А. иштирок намуда, вобаста ба “Тартиби баррасиии муроҷиати кӯдакон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз санаи  19.09. 2020 №72 тасдиқ гардидааст ва он раванди қабул, бақайдгирӣ, баррасӣ ва ҳалли муроҷиатҳои кӯдакон, намояндагони онҳо ва дигар шахсонро аз ном ва ба манфиати кӯдакон дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, изҳори ақида намуд.
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal