МЕНЮ
7
декабри
2020
|
Вохӯрӣ дар Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ ва Литсейи махсуси касбӣ - техникии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе. |
Рӯзи 7-декабри соли 2020 муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба рӯзи ҳуқуқи инсон бо тарбиятгирандагон ва кормандони Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ ва Литсейи махсуси касбӣ - техникии ҷумҳуриявӣ вохӯрд.
Зимни вохӯрӣ дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон - арзиши муҳими ҷаҳони муосир» сӯҳбат доир гардид.
Иштирокчиён атрофи масъалаҳои принсипҳои асосии Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва ифодаи онҳо дар қонунгузории амалкунанда, ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, аҳамияти таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак дар таълиму тарбияи ӯ ибрози назар карданд.