МЕНЮ

Муҳтарам ҷаноби Раис,
Муҳтарам ҳамтоён ва роҳбарони ҳайатҳо!
Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин барои ташкили ҷаласаи имрӯза миннатдории худро баён намоям.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар худ орзуву омоли чандинасраи халқи худогоҳу хештаншиноси тоҷикро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои устувории соҳибихтиёрӣ, пойдории ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, суботи сиёсӣ, таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба миён омадани рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа, татбиқи асли таҷзияи ҳокимият ва шинохти кишвари азизамон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ нақши созгору таърихӣ дорад.
4
ноябри
2020
|

Конститутсия санади олии меъёрӣ-ҳуқуқӣ, шиносномаи давлат, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд буда, муайянкунандаи сохт ва шакли давлатдорӣ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати санади тақдирсози давлату ҷомеа дар пешрафти минбаъдаи кишвар ва муайян намудани сарнавишти халқи Тоҷикистон заминаи муҳими ҳуқуқиро ба вуҷуд овард. Он ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи инсон ва дигар сандҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсонро дар худ таҷассум мекунад ва ба қатори яке аз конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон шомил гардидааст.
31
октябри
2020
|

30.10.2020, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар ин лаҳзаҳои пурифтихор бо камоли эҳтиром ва муҳаббату садоқати фарзандӣ ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамон, ки рӯзи 11 октябри соли равон дар чорабинии бисёр муҳимми сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътиқоду бовари бузург зоҳир намуда, сарнавишти худ ва тақдири мамлакатро ба дӯши ман вогузор карданд, сипоси бепоён ва миннатдории самимӣ баён менамоям.