МЕНЮ
16
январи
2021
|
Аёдати панҷгоникҳо аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак |
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади хабаргирии панҷгоникҳои дар арафаи соли нав таваллудшуда ба Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”, ки кӯдакони навзод дар он ҷо қарор доранд, ташриф овард.
Аз сӯҳбат бо табибони муассиса ва модари навзодон Дилноза Мамадова маълум гашт, ки вазъи саломатии онҳо хуб аст. Кӯдакон ва модари онҳо таҳти назорати доимӣ ва махсуси табибон қарор дошта, бо мавод ва дорувории зарурӣ таъмин мебошанд.
Модари навзодон Дилноза Мамадова аз шароити нигоҳубин дар таваллудхона ва ғамхории табибон нисбати ӯ ва фарзандонаш изҳори қаноатмандӣ ва миннатдорӣ намуд.