ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Ғунчаҳои Хатлон»-таҳти чунин унвон дар вилояти Хатлон нашрияи махсус барои кӯдакону наврасон таъсис дода шуд.
Шумораи якуми нашрияи «Ғунчаҳои Хатлон» кӯдакону наврасони лаёқатманди вилояти Хатлонро ба хонандагон муаррифӣ намуда, дар бораи дастовардҳои онҳо дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ маълумот медиҳад.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, таъсиси ин нашрия бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сурат гирифт.
Инчунин дар шумораи якуми нашрия афсонаю чистонҳо, тезгӯяку латифаҳои бачагона, муаммою бозиҳои донишафзо, тестҳо, карикатураю калимаёбак, дарси забони англисӣ тавассути бозиҳо, кроссворду судоку ва дигар маводи ҷолиби диққати хонандагон ба чоп расидаанд.
Масъулини умед доранд, ки ин нашрия соли 2021 ба қалби хонандагони нуқтасанҷ роҳ ёбаду дар тарғиби арзишҳои миллӣ, муаррифии истеъдодҳои наврас ва тарбияи кӯдакони хушзавқ саҳми арзанда гузорад.
Ҳадафи таъсиси нашрия фароҳам овардани минбар барои истеъдодҳои наврас, муаррифию тарғиби дастовардҳо ва эҷодиёти онҳо, ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиа ва илмомӯзӣ, инкишофи ҷаҳони маънавӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ тарбия намудани онҳо унвон мешавад.