МЕНЮ
19
январи
2021
|
Муъминобод: Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соҳиби туҳфаҳои моливу пулӣ шуданд |
ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Раиси ноҳияи Муъминобод Лутфия Шарифзода ба ғолибони даври вилоятиву ҷумҳуриявии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ғолибони озмунҳои фаннии даври вилоятиву ҷумҳуриявӣ туҳфаҳои моливу пулӣ тақдим намуд. Дар ин бора мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Бахтовари Диловар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар даври ҷумҳуриявии Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз ноҳияи Муъминобод аз рӯи тамоми номинаҳо 5 нафар иштирок намуда, як нафар соҳиби ҷойи 2 ва як нафар соҳиби ҷои ифтихорӣ гардид.
Дар даври вилоятиву ҷумҳуриявии озмунҳои фаннӣ аз ноҳияи Муъминобод 100 нафар ширкат варзида, 52 нафар соҳиби ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм гардиданд.