Имрӯз дар Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р.Ҳ. бо Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Осама Маккави Хогали доир гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дастовардҳои ҷумҳуриро дар самти таъмин, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, хусусан дар соҳаи маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқҳои кӯдакони ятим, бепарастор ва маъюб ёдовар шуда, ҳамзамон кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати ҷумҳуриро бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри беҳбудии кӯдакон ҳамчун таҷрибаи пешқадам дар минтақаи Осиёи Марказӣ арзёбӣ намуданд.
Ҷаноби Осама Маккави Хогали пешниҳод намуд, ки дастовардҳо ва таҷрибаи пешқадами Тоҷикистон дар ин самт дар сатҳи минтақа ҳамчун таҷрибаи ибратомӯз муаррифӣ карда шавад ва омодагии Намояндагии Хазинаи кӯдаконро дар ин масъала иброз намуд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба Намояндагии Хазинаи кӯдакон барои амалӣ гардонидани ташаббусҳо дар самти солимии модару кӯдак, рушди барвақтии кӯдак, таъминот бо ғизои солим, об, беҳдошт ва санитария изҳори миннатдорӣ намуда, идома додани онҳоро муҳим арзёбӣ намуд.
Ҷонибҳо ҳамкориҳои ҳарду ниҳодро ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак муҳокима намуда, омодагии якдигарро ҷиҳати дар оянда тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд.