ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Май 2025
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
28 29 30 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

girl boy3

15
декабри
2020

ДУШАНБЕ, 15.12.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дар Қасри теннис ва Маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии Вазорати корҳои дохилӣ Чемпионати кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шиноварӣ  дар  сатҳи баланд баргузор шуд. Дар чемпионат 60 нафар варзишгарон дар ҳайати 5 дастаи мактабҳои шиноварӣ аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд ширкат карданд. Дар ин бора аз  Федератсияи шиноварии Тоҷикистон ба шореҳи  варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони  Қурбон  хабар доданд.

15
декабри
2020

ТУРСУНЗОДА, 15.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ ба ҳамаи тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакони шаҳр либосҳои варзишӣ, пойафзол ва бастаи шириниҳо тақдим ва барояшон дастархони идона кушода шуд.

14
декабри
2020

ДУШАНБЕ, 14.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Расо даҳ сол пеш, 14 декабри соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон лоиҳаи Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» -ро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод карда буданд.

12
декабри
2020

 
Кӯдакони маъюбиятдошта шаҳрвандони комилҳуқуқи ҷомеаи мо буда, ба монанди дигар кӯдакон ба муносибати сазовор ва баробар ҳуқуқ доранд. Инчунин онҳо бо мақсади худинкишофдиҳӣ ва иштироки комил дар ҳаёти ҷомеа ба ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, тандурустию тавонбахшӣ, рушди малака, шуғл, ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ҳуқуқи баробар доранд.

11
декабри
2020

ДУШАНБЕ, 11.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи панҷум аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Даври ниҳоии озмуни мазкур  7 декабр шурӯъ гардида,  то 15 декабри соли равон  идома меёбад. Ба  ин даври озмун  267 нафар довталаб  аз вилоятҳои Бадахшон, Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе роҳхат гирифтааанд.

Омодакунандаи сомона DarAmal