ДУШАНБЕ, 20.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. 17-18 март бахшида ба Иди Наврӯзи хуҷастапай Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода дар якҷоягӣ бо муовини сардори Шуъбаи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ Ҳусниддин Нидоев ва ёрдамчии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зафар Салихов барои шиносоӣ бо вазъи будубоши маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид намуданд.
Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз шароити нигоҳдории маҳкумшудагон, аз ҷумла ҷойи хоб, ҳуҷраҳои мулоқот (кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат), ошхона, чойхона ва ҷойи кори маҳкумшудагон дидан намуд.
Шиносоӣ бо шароити нигоҳдории маҳкумшудагон маълум намуд, ки дар доираи имконияти мавҷуда барои маҳкумшудагон шароити зарурӣ муҳайё шудааст.
Ҳамзамон зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо маҳкумшудагон мулоқот намуда, онҳоро бо иди Наврӯзи оламафрўз табрик намуд.
Зикр гардид, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар оянда низ тасмим гирифтааст, ки ба муассисаҳои ислоҳӣ рафта, бо шароит ва будубоши маҳкумшудагон шинос шавад.