ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Май 2025
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
28 29 30 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

girl boy3

14
январи
2021

ДУШАНБЕ, 14.01.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода як гурӯҳ ятимони кулли вилоят барои саёҳат ва истироҳат ба мавзеи сайёҳии «Сафеддара»-и ноҳияи Варзоб сафар намуданд.

12
январи
2021

ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 11 Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев Ҷалолиддин Абдуллоев дар Озмуни IX байналмилалии навозандагони ҷавон оид ба мусиқии классикии касбӣ, ки тариқи онлайн дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор гардид, соҳиби Дипломи дараҷаи 2 аз сози фортепиано гардид.

12
январи
2021

ДУШАНБЕ, 12.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов» Фестивал-озмуни истеъдодҳои навраси мактабҳои рассомии бачагона ва муассисаҳои таълимии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Рассоми наврас» ҷамъбаст гардид.

11
январи
2021

ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар озмоишгоҳи инноватсионии Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд даври вилоятии Спартакиадаи варзишии хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи намуди шоҳмот баргузор гардид. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов ва дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд (дастаи №1) аз худ маҳорати хуб нишон дода, ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Рақобати ниҳоии озмун хеле шавқовар доир гардида, дар натиҷа дастаи шаҳри Хуҷанд пирӯз шуд. Ба ин тартиб, дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов мақоми дуввум ва дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд (дастаи №2) мақоми сеюмро касб намуданд.

11
январи
2021

ДУШАНБЕ, 11.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Мураббияҳои муассисаи томактабии №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Таҳмина Ҳоҷибоева ва  муассисаи томактабии №152-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Шаҳло Неъматзода ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2020» гардиданд.

Омодакунандаи сомона DarAmal