ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба фаъолияти Кӯдакистони хусусии “Хурсандӣ” оғоз бахшиданд.
Муассисаи мазкур дар муддати кӯтоҳ ва бо сифати баланди меъмории шарқиёна аз ҷониби соҳибкор Аскар Эшонов бунёд гардидааст. Иншооти мазкур дар масоҳати умумии 0,30 садяк замин доман густурда, аз ду ошёна иборат аст. Кӯдакистон дорои толорҳои машғулият, бозии кӯдакон, мусиқӣ, ҳавзи шиноварӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, дар ин муассиса омӯзиш бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки муассисаи томактабии “Хурсандӣ” барои 200 кӯдак пешбинӣ гардида, таълим мувофиқ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ сурат хоҳад гирифт. Ҳамчунин ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим дар боғчаи навбунёд 30 нафар мураббӣ тариқи озмун ба кор ҷалб гардида, онҳо дорои малакаи хуби касбӣ мебошанд. Ҳамчунин барои ба кӯдакистон овардан ва баъди машғулият ба хонаҳо баргардонидани кӯдакон 3 микроавтобус харидорӣ шудаанд.
Пешвои муаззами миллат зимни боздид аз шароити таълим ва суҳбат бо мураббиёну тарбиятгирандагон ба иқдоми соҳибкор баҳои баланд дода, маорифчиёнро ба тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ ҳидоят намуданд.
Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбиятгирандагон туҳфаҳои наврӯзӣ тақдим карда, бо онҳо суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Маорифчиёни шаҳри Истаравшан ифтитоҳи иншооти нави соҳавиро дар самти рушди муассисаҳои томактабӣ дар шаҳр ва татбиқи амалии дастури Президенти мамлакат ҷиҳати то 30 фоиз фаро гирифтани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ муассир арзёбӣ намуданд.
Намои дохилу берунаи бино бо санъати баланди меъмории миллӣ зебу оро дода шуда, барои истироҳату бозии кӯдакон 2 суҳбаткада ва чатрҳои соядиҳанда насб гардидаанд.
Раванди сабзкорию ободонӣ ва чароғонкунӣ дар иншоот ба таври доимӣ назорат ва атрофи он бо гулу дарахтони ҳамешасабзу мавсимӣ зебо гардонида шудааст.