ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

8
апрели
2021

Тренинг барои котибони Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак

Рӯзҳои 6-8 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барои котибони Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдаки ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва баъзе шаҳру ноҳияҳои ВМКБ ва вилояти Хатлон тренинг гузаронида шуд.
Чорабинӣ бо дастури Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади сайқал додани донишу малакаи котибони Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар доираи амалисозии Нақшаи кори Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2021, инчунин Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузоришҳои муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2022 доир гардид.
Дар тренинг Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон-Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Раҷабмо низ иштирок намуда, барои иштирокчиён дар мавзӯъҳои “Стандартҳо ва механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” ва “Пирнсипҳои бунёдии Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак”, "Тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак, Нақшаи миллии амалҳо" омӯзиш гузаронид.
Дарсҳо бо истифода аз усулҳои интерактивӣ ва машғулиятҳои амалии гурӯҳӣ баргузор гардида, аз тарафи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба иштироккунандагон буклети “Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо!” тақдим карда шуд.
Дар назар аст, ки чунин чорабинӣ барои котибони Комиссияҳои маҳаллӣ оид ба ҳуқуқи кӯдаки дигар шуҳру ноҳияҳо баргузор гардад.
 
 т ренинг 2
 
 
 тренинг 3
 
 
 Сармутахассиси
шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон     Раҳимов С.Р.
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal