МЕНЮ
8
апрели
2021
|
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ва ифтитоҳи Маркази дастгирии оила ва кӯдаки «Фарзанди Ватан» |
ДУШАНБЕ, 08.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 апрел дар рӯзи дуюми сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан бинои нави Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконияти таълиму тарбия дар он шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2020 оғоз гардида, дар он шароити муосири таълиму тарбия ва табобат фароҳам оварда шудааст.
Маркази мазкур дар доираи истиқболи шоистаи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави сиёсати ятимпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби фарзандони ҳамин диёр — академикҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ӯлмас Мирсаидов ва Маҳмудзода Маҳкам Аъзам бунёд гардидааст.
Дар Марказ барои зисту зиндагонӣ ва таҳсилу табобати 150 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва дорои бемориҳои гуногун шароит муҳайё карда шудааст.
Тавре ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, бино бо ҷалби сохтмончиён ва устоҳои маҳаллӣ сохта шуда, аз ду ошёна, таҳхона ва болохона иборат аст. Дар маҷмӯъ масоҳати истифодашавандаи бинои Марказ зиёда 1200 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Бино дорои долонҳои барҳаво, 5 ҳуҷраи корӣ, 4 ҳуҷраи хоб, 4 толор барои бозӣ ва машғулияти кӯдакон, 5 ҳуҷраи санитарӣ, ҳуҷраи қабули рӯзона барои хизматрасонии иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ ва ошхона мебошад.
Саҳни ҳавлӣ ва боғу дигар биноҳои ёрирасони муассиса бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони саховатпешаи диёр ободу зебо гардонида шудааст.
Дар саҳни ҳавлии Марказ 2 ҳавзи оби нӯшокӣ ва полезӣ бо ғунҷоиши 36 ва 12 метри мукааб, 1 майдонча барои бозӣ дар рег, 2 суҳбаткадаи баҳорӣ ва таваққуфгоҳ мавҷуд аст. Дар ҳудуди Маркази дастгирии оила ва кӯдак дар оянда сохтмони 1 майдончаи варзишии болопӯшида низ дар назар дошта шудааст.
Айни замон дар Марказ кӯдакон дар гурӯҳҳои рӯзона ва будубоши доимӣ нигоҳубин ва табобат карда мешаванд. Дар гурӯҳи рӯзона хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ба монанди тандармонӣ, кордармонӣ, ташаккули малакаҳои худхизматрасонӣ, рушди нутқи кӯдакон ва омодагӣ ба мактаб ба роҳ монда шуда, айни ҳол ба 48 кӯдак хизмат расонида мешавад. Аз инҳо 26 нафарашон бо бемориҳои гуногуни ба табобат ниёзманд ва 17 нафари дигар бо ақибмонии зеҳнӣ ва инкишофи нутқ дар Маркази мазкур табобату таълим мегиранд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар шуъбаи будубоши доимӣ 18 кӯдак тарбия мегиранд, ки синну соли онҳо аз 1 то 7-сола мебошад. Гузашта аз ин, хизматрасонии “Ташриф ба хона” ба деҳаҳои атроф ва кӯчаҳои шаҳри Истаравшан ба роҳ монда шудааст ва мутахассисони Марказ бо оилаҳое, ки фарзанди носолим доранд, тарзи муносибат, машғулият ва анҷом додани корҳои табобатиро меомӯзонанд. Аз 48 нафар мутахассисе, ки айни ҳол дар Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Истаравшан фаъолият мекунанд, 18 нафарашон дар Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос гузаштаанд.
Дар гурӯҳи рӯзона дар дохили муассиса ва хонаҳое, ки бо хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд, барои модароне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ё танҳоӣ мекашанд ва зарурати нигоҳубини кӯдак ба миён меояд, хизматрасонии “Дамгирӣ”-и рӯзона ташкил карда шудааст.
Президенти мамлакат ҳангоми суҳбат бо мураббиён ва бошандагони Марказ маслиҳат доданд, ки имконоти фароҳамовардашударо самаранок истифода бурда, ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас, махсусан кӯдакони маъюб тадбирҳои муассир андешанд. Инчунин бо инобати иқтидори ҳозираи бинову иншооти сохташаванда маслиҳат дода шуд, ки дар оянда Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Истаравшан ҳамчун маркази байниноҳиявӣ истифода бурда шавад.