22
январи
2021
|
ХОРУҒ, 21.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ як гурӯҳ тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои шаҳрро даъват намуда, як соат вақти худро дар утоқҳои корӣ, сарои мошинҳои махсуси оташнишонӣ, макони машқҳои тактикӣ гузарониданд. Дар зимн ба бисёр саволҳои кӯдакон оид ба сабабҳои сар задани сӯхтор ва роҳҳои бартараф намудани он ҷавобҳои мукаммал доданд.
21
январи
2021
|
Имрӯз дар Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Р.Ҳ. бо Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Осама Маккави Хогали доир гардид.
19
январи
2021
|
ДУШАНБЕ, 19.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Ғунчаҳои Хатлон»-таҳти чунин унвон дар вилояти Хатлон нашрияи махсус барои кӯдакону наврасон таъсис дода шуд.
16
январи
2021
|
ДУШАНБЕ, 16.01.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 январ то 16 феврали соли 2021 дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия» -и назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун доир карда мешавад. Дар ин бора аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.