МЕНЮ
12
майи
2021
|
Бо дастгирии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди Фитр ба 316 нафар аробачаҳои маъюбӣ супорида шуданд |
ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди Фитр ба 316 нафар сокинони ниёзманди вилояти Суғд аробачаҳои нави маъюбӣ эҳдо карда шуданд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Туҳфаҳои Пешвои миллатро Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод ва муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода ба шахсони эҳтиёҷманд супориданд.
Раиси вилоят зимни супоридани туҳфаҳо иброз дошт, ки бо сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони эҳтиёҷманд ва ятимону маъюбон таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир шуда, аз тарафи давлату Ҳукумат барои дастгирии доимии қишри ниёзманди ҷомеа тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.
Танҳо соли 2020 ба муносибати идҳо ва рўзҳои таърихӣ ба мактаб-интернатҳо, хона-интернатҳо барои пиронсолон ва маъюбон, муассисаҳои махсуси томактабӣ, мактабҳо барои бачаҳои ятим ва маъюб, хонаҳои кўдакон, оилаҳои камбизоат, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба маблағи 21 миллиону 187 ҳазору 529 сомонӣ кумакҳои моддӣ ва молиявӣ расонида шуданд.
Давоми соли 2020 аз ҷониби шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят ба 97 нафар ва аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва соҳибкорон ба 49 нафар, ҳамагӣ ба 146 нафар маъюбони эҳтиёҷманд аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд. 54 нафар бо асо, 26 нафар бо асобағал, 17 нафар бо асои оринҷӣ, 550 нафар бо пойафзоли махсус ва ортопедӣ, 124 нафар бо протез таъмин гардиданд ва протези пой ва дасти 222 нафар таъмир карда шуда, дар маҷмуъ ба 1152 нафар маъюбон хизмат расонида шудааст.
Зикр гардид, ки барои дастрас намудани туҳфаҳои Президенти мамлакат ба шахсони маъюбе, ки дар деҳоти дурдаст зиндагӣ доранд, мутассадиён сафарбар гардидаанд.
Наздикону пайвандони маъюбону ниёзмандон бо гирифтани туҳфаҳои навбатии Сарвари давлат изҳори хушнудӣ ва миннатдорӣ намуданд.
АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд