ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди Фитр ба 122 нафар маъюб аз оилаҳои ниёзманди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон кумакҳо тақдим гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.
Кумакҳоро дар вазъияти тантанавӣ муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирдавс Ҳаётзода, Вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдулозода ва Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов тақдим намуданд.
Кумаки мазкур аз аробачаҳои маъюбӣ ва маводҳои ғизо, аз қабили орд, шакар, биринҷ, картошка, макарон ва равған иборат мебошад.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои сатҳи некуаҳволии мардум пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Ҳамасола дар арафаи иди саиди Фитр бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табақаҳои ниёзманд кумакҳо расонида мешаванд.
АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ