ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

15
майи
2021

15 май - Рӯзи байналмилалии оила

Оила ҳамчун падидаи иҷтимоӣ дар ҷомеа мавқеи махсус дошта, вазифаҳои муайянро иҷро мекунад. Аз ҷумла, вазифаҳои тарбиявӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ, таъмини нуфуси аҳолӣ, робитаи наслҳо ва иҷтимоикунонӣ аз вазифаҳои асосии он ба ҳисоб меравад ва иҷроиши дурусти онҳо ба раванди рушди ҷомеаи солим таъсири бевосита мерасонад. 
 
Инчунин оила ҳамчун интиқолдиҳандаи таҷрибаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар нигоҳдошти беҳтарин расму оин ва анъанаҳои миллӣ нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, оила ҳамчун асоси ҷомеа таҳти ҳимояи давлат қарор дошта, ба он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад, зеро ҳалли масъалаҳои демографӣ, солимии ҷомеа, ташаккули шахсиятҳои комил, худшиносу ватандӯст ва дорои ҳисси ифтихори баланди миллӣ маҳз тавассути дастгирии оила имконпазир мегардад.
Мутаассифона, имрӯзҳо масъалаҳои марбут ба оила яке аз масъалаҳои доғ ба шумор меравад. Хусусан бо суръат афзоиш ёфтани шумораи талоқҳо ва оилаҳои нопурра ташвишовар мебошад. Мушкилоти мазкур аксари давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст.
Бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкилоти марбут ба оила ва ҳалли онҳо 20 сентябри соли 1993 Ассамблеяи Генералии СММ таҳти рақами A/REC/47/237 қатъномае қабул кард, ки мувофиқи он аз соли 1994 инҷониб 15 май дар саросари давлатҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила ҷашн гирифта мешавад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба оила ва устувории он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, барои устувории он тадбирҳои зиёд андешида шудаанд. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2015-ро Соли оила эълон намуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 “Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” тасдиқ гардид. 
Вазифаи асосии Консепсияи мазкур пеш аз ҳама таъмини амалишавии бечуну чарои баробарҳуқуқии мардону занон дар муносибатҳои оилавӣ, ҳифзи оила ҳамчун арзиши муҳими иҷтимоию фарҳангӣ, нигоҳдории анъанаҳои маънавию ахлоқӣ дар муносибатҳои оилавӣ, таҳкими заминаҳои иқтисодии оила, таъмини мустақилияти иқтисодии онҳо бо мақсади иҷрои вазифаҳои иҷтимоии он, пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, қонунвайронкунии кӯдакону наврасон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва ғайраҳо мебошад, ки иҷроиши онҳо ба таҳкими мавқеи оила ҳамчун ниҳоди муҳими ҷамъиятӣ оварда мерасонанд.
Ҳамчунин, бо мақсади такмил додан ва ҳамоҳанг сохтани ҷараёни танзими муносибатҳои оилавӣ қонун ва санадҳои дахлдор қабул гардида, амалӣ шуда истодаанд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ", "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" аз ҷумлаи санадҳои меъёрии ҳуқуқие мебошанд, ки муносибатҳои оилавиро ба танзим дароварда, ба амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои ҳар як аъзои оила ва мустаҳкаму пойдор гардонидани он равона шудаанд.
Чи тавре дар боло қайд кардем, яке аз вазифаҳои асосии оила ин таълиму тарбияи насли наврас мебошад. Ҳар як падару модар бояд донад, ки тарбияи фарзанд вазифаи аввалиндараҷаи онҳост. Кӯдак агар аз оила тарбияи хуб бигирад, он дар оянда шахси бомаданият, боодоб ба воя мерасад. Мусаллам аст, ки ҳар як падару модар фарзандони худро дӯст медоранду онҳоро азиз медонанд. Аммо инро низ бояд донист, ки дар урфият гуфтаанд: “Фарзанд азиз аст, одобаш аз вай азизтар”. 
Муттаасифона бархе аз падару модарон тарбияи фарзандони хешро танҳо вазифаи мактаб медонанд, ки ин андеша комилан хатост. Баъзе аз волидайни дигар дар таъминот, таълим ва тарбияи фарзанд бемасъулиятӣ зоҳир намуда, кӯшиш мекунанд бо ҳар баҳона кӯдакони худро дар мактаб-интернатҳо ҷой намоянд. Дар ҳоле, ки беҳтарин муҳит барои рушду ташакули солими кӯдак ин муҳити оила мебошад. 
Дар моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак” дарҷ шудааст, ки “Кӯдак ҳуқуқ дорад дар оила зиндагӣ кунад ва тарбия гирад, падару модарашро шиносад, аз ғамхорӣ ва тарбияи онҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки бар хилофи манфиатҳои ӯ мебошанд, баҳраманд шавад”.
Тибқи муқаррароти қонуни мазкур кӯдакро аз падару модар ё дигар намояндаи қонуниаш ҷудо кардан манъ аст. Ҳолати мазкур дар ҳолатҳои истисноӣ ва танҳо бо мақсади таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак аз ҷониби мақомоти дахлдор иҷозат дода мешавад. 
Даҳсолае пеш сатҳи тарбияи фарзандон то андозае паст рафт ва иддае аз падару модарон ба ин вазифаи ҳаётан муҳим бепарвоӣ зоҳир намуданд. Бинобар ин, бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул карда шуд. Мақсади қонуни мазкур пеш аз ҳама пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон мебошад. 
Албатта қонуни мазкур дар баробари падару модар инчунин омӯзгор, давлат ва ҷомеаро низ дар таълиму тарбияи фарзанд уҳдадор намудааст. Аммо дар ҳар сурат, тарбияи аввалин аз оила сарчашма мегирад ва оила аввалин мактаби рӯзгор мебошад. Аз эҳсоси баланди масъулияти падару модар хулқу атвори ояндаи фарзанд вобастагии калон дорад. Чӣ гуна муносибате, ки ӯ дар оила мушоҳида намуд, метавонад дар оянда онро такрор намояд. Агар бо меҳру муҳаббат ва маърифат рӯ ба рӯ гашт, муносибати боақлона менамояд, агар бо ҷаҳолату дуруштӣ шоҳид гашт, пас ҷоҳилую дуруштӣ ба ӯ одат  мегардад.
Донишманди бузурги ниёгони мо Муҳаммади Ғазолӣ гуфта буд: “Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили поки фарзанд нафис асту нақшпазир. Ҳар нақше, ки ба ӯ гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ҳар тухме, ки дар вай бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳарчӣ хоҳад кунад ва бо ҳар кӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ”.
Дар моддаҳои 8 ва 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” уҳдадориҳои падару модар  дар тарбия ва таълими фарзанд муқаррар гардидаанд, ки иҷроиши онҳо ҷиҳати ба воя расидани насли солим ва ба ҷомеа муфид мусоидат хоҳад кард.
Аз гуфтаҳои боло ба хулоса омадан мумкин аст, ки оила такягоҳи асосии ҳаёти ҳар як шахс мебошад. Барои ҳамаи мо маҳз оила муҳимтарин манбаи хушбахтӣ ва муҳаббат аст. Муносибатҳои гарм бо наздикон, ҳамдигарфаҳмӣ, дастгирии якдигар зиндагии моро рангоранг ва пурмаъно месозад, ба мо қувват мебахшад, то ки ҳама душвориҳоро паси сар намуда, ба наздикон ва ҷомеа муфид бошем.
 
Раҳимов С.Р.
сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии
ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид
ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal